Дар нимсолаи аввали соли 2011 дар шаҳри Душанбе 6564 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта камтар аст.
Тибқи иттилои Шафкат Саидов, сухангӯи райиси ҳукумати пойтахт, асосан хонаҳои истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои аҳолӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Масоҳати умумии биноҳои истиқоматии бунёдшуда, дар ноҳияи Шоҳмансур – 838 метри мураббаъ ё 12,8 фоиз, дар ноҳияи Сино – 4042 метри мураббаъ ё 61,6 фоиз ва дар ноҳияи Фирдавсӣ - 1684 метри мураббаъ ё 25,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи аввали соли 2011 аз тарафи 183 ташкилоти пудратӣ ба маблағи 280,6 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2010-ум 40 ташкилот ва маблағи 143,0 млн. сомонӣ ё 2,0 маротиба зиёд мебошад.{jathumbnail off}
Мӯҳр