Бахшҳо
09 июл 2013 13:17Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Тӯраҷонзода: Қотеъона гуфта наметавонам, ки имрӯз Рамазон аст

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода, собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” иброз дошт, ки бо қотеъият, ки имрӯз 9-уми июл, рӯзи аввали моҳи Рамазон аст, гуфта наметавонад.

Ба гуфтаи Ҳоҷи Акбар, дар аксари кишварҳои исломӣ аз сабаби надидани моҳ, рӯзи 9-уми июлро охири моҳи Шаъбон хонда, рӯзи аввали моҳи Рамазонро, фардо чоршанбе 10-уми июл эълон кардаанд. Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода таъкид кард, ки дирӯз 8-уми июл дар Тоҷикистон низ касе моҳро надидааст.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода мегӯяд, бар асоси шариати исломӣ, китобҳои фиқҳию аҳодиси паёмбар (с) аввал моҳро бояд диду баъд рӯза гирифт, “вале мутаассифона дирӯз дар Тоҷикистон моҳ дида нашуд.”

Оқои Тураҷонзода афзуд, ки худи ӯ имрӯз рӯзадор мебошад, вале агар нафаре ҳам имрӯз рӯзаашро бихурад ба гарданаш кафорате лозим нахоҳад шуд: “Албатта, агар шахсе имрӯз рӯза бигирад аз аҷру савоби зиёд баҳраманд хоҳад гашт.”

Ин дар ҳолест, ки миёни шаҳрвандони кишвар, бахусус дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди рӯзи аввали Рамазон будани 9-уми июл, баҳсҳо ба миён омада, ҳатто бархе аз афрод рӯза гирифтани имрӯзро “макруҳ” хондаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки танҳо ниҳоди содиркунандаи фатво мебошад, эълом кард, моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон субҳи 9-уми июл оғоз меёбад. Вале дар аксари кишварҳои исломӣ, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср, Лубнон, Урдун, Фаластин ва Афғонистон рӯзи чоршанбеи 10-уми июл рӯзи аввали Рамазон эълон карда шуд.
Мӯҳр
Офтоб
Садкаи ришт шам дар Точикистон тайи 20-т сол мешавад,ки мо моха надием!

Сорбончон
Агар рафту дар арафаи Рамазон чанд руз хаво абр кунад баъд мо баромадани мохро интизор шуда гардем-а? мухтарам Хочи Акбар!

Abdullo Sharipov
Шарт нест хар як шахс моха бина ина бояд олимо дида бамо расонанд гунахгор худашон хастан .

Собирчон Камол
Чаноби Хочи Акбар бо ин фатвои худ чи накшае доранд, зеро ба хама маълум аст, ки оилаи Турачонзода ба раиси уламои кишвар Абдукодирзода зиддият доранд ва ин зидият сабаб мешавад, ки он кас алайхи фаивои маркази уламо баромад намоянд. Ба хар хол амри уламо вочиб мегуянд!!!!!!! Ва як руз пеш ё баъ будани Рамазонро бояд онхо аник кунанд на турачонзода, чунки ин вазифаи турачонзода нест!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Хайрандеш
Зинда бошед, Эшони Хочидомулло. Дар Точикистон кам касоне хастанд, ки мисли Турачонзодахо аз Ислом бохабар бошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)