Зайд Саидов гуфтааст, имкони рӯза гирифтан надорад
Зайд Саидов, соҳибкори боздоштшудаи тоҷик, ки айни ҳол дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад, дар суҳбат бо наздиконаш гуфтааст, имкони рӯза гирифтан надорад ва хоҳиш кардааст, ба мискинон дар ин моҳи Шариф хайр кунанд.
Зайд Саидов дар паёми худ ба наздиконаш изҳори таассуф кардааст, ки аз сабаби беморӣ ва надоштани шароит наметавонад рӯза бигирад. Бинобар ин наздикони Саидов мегӯянд, бо хоҳиши ӯ ва бар асоси шариати Исломӣ дар моҳи шарифи Рамазон 60 мискинро бо таом таъмин хоҳанд кард.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ қаблан ҳам аз дарди захми меъда ранҷ мебурдааст ва ин беморияш дар боздоштгоҳ якбора хуруҷ намудааст.
Нуриддин Тӯраҷонзода, маъруф ба Эшони Нуриддин, дар арафаи фарорасии моҳи шарифи Рамазон фатво дода буд, нафароне, ки аз сабаби беморӣ рӯза дошта наметавонанд, бояд ҳар рӯзи рамазон ба як мискин таъом, ё маблағи онро диҳанд: “Масалан моҳи рамазон 30 рӯз бошад, онҳо дар як рӯз ба 30 мискин таъом диҳанд, ё ба 1 мискин 30 рӯз таъом диҳанд. Инчунин ихтиёр доранд маблағи таъомро ба як хонадони камбағал пеш аз иди рамазон диҳанд (миқдори таъоми як мискин 10 сомонӣ аст, яне онҳо ҳамаша ҳисоб карда 300 сомонӣ диҳанд).”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |