Эътирози воридкунандагони мошин дар Хуҷанд (АКС)
Даҳҳо нафар воридкунандагони мошин ба Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 9-уми июл бо нишони эътироз аз боло бурдани арзиши гумрукии мошинҳо дар назди дафтари Хадамоти гумрук дар шаҳри Хуҷанд гирдиҳам омадаанд.
Илҳом Ёқубов, яке аз эътирозгарон дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомот аз 1-уми июл арзиши гумрукии мошинҳоро боло бурдаанд ва мувофиқан акнун воридкунандагон маҷбуранд, ки маблағи бештар пардохт намоянд. Ӯ гуфт, воридкунандагон дар ҳаҷми 38,8 дарсад аз арзиши гумрукии мошинҳо боҷи гумрукӣ мепардозанд: “Дар натиҷаи боло бурдани арзиши мошинҳо пардохтҳо ҳам афзоиш меёбанд. Барои мисол пештар арзиши опели истеҳсоли соли 1994, 2 ҳазору 100 доллар буд ва барои он ҳудуди 800 доллар боҷи гумрукӣ мепардохтем. Акнун нархи ин опелро ба 3100 доллар бардоштаанд, ки дар натиҷа пардохтҳои гумрукӣ наздики 1200 доллар шудаанд.”
Ёқубов таъкид намуд, ки ин иқдоми мақомот метавонад ба варшикастагии бисёре аз тоҷирони бозори мошин анҷомад. Тоҷирон таъкид мекунанд, ки дар пайи ин навоварӣ нархи мошинҳо дар Тоҷикистон метавонад беш аз 20 дарсад боло равад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |