Расулзода дар арафаи Рамазон назди тоҷирон омад
Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд аз тоҷирони калонтарин бозори шаҳри Хуҷанд, бозори «Панҷшанбе», даъват ба амал овард, ки дар моҳи шарифи Рамазон аз болобарии нархи маҳсулот худдорӣ намоянд.
Тавре Хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ дод, Қоҳир Расулзода бо мақсади омузиши вазъи бозор дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба ин бозор ташриф оварда, ба коҳиш додани нархи маҳсулот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардааст. Манбаъ мегӯяд, ҳоло нисбат ба рузҳои муқаррарӣ нархи баъзе маҳсулот, аз ҷумла гӯшт то 10 ва биринҷ то 15 фоиз арзон гардидааст: «Зимни сӯҳбат, фурӯшандагони бозори «Панҷшанбе» изҳор доштанд, ки пастшавии нархи маҳсулот аз ҳисоби поёнравии ҳаққи иҷора, ки роҳбарияти бозор дар моҳи шарифи Рамазон барои иҷорагирон пешбинӣ намудааст, сурат гирифт».
Ҳамзамон роҳбарияти бозори мазкур изҳор доштаанд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба тамоми хоҳишмандон аз шаҳру навоҳии вилоят, ки мехоҳанд маҳсулоти хешро пешкаши мардум намоянд, дӯконҳои худро барои истифодаи ройгон вогузор хоҳанд кард, ки ин ибтикор аз ҷониби раиси вилоят бо хушӣ пазируфта шуд.
Қоҳир Расулзода барои беҳтар намудани вазъи санитарӣ, шароити кори фурушандагони бозори сабзавоту полезиҳо, инчунин оид ба мумфаршкунии роҳҳои дохилии бозор ба роҳбарияти калонтарин фурушгоҳи вилоят – бозори «Панҷшанбе» супоришҳои мушаххас додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |