Бахшҳо

Кабирӣ гуфт, таваккулӣ вориди корзори интихобот намешавад

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта, дар ҳошияи як нишаст, дар шаҳри Маскав ба хабарнигорон гуфтааст, дар сурате агар дар интихоботи қарибулвуқуи раисиҷумҳур номзаде пайдо нашавад, ҲНИТ маҷбур ҳаст ҳаракати мухолифинро дар ин маърака раҳбарӣ кунад.

Кабирӣ шарҳ додааст, ки “агар мо донем, ки ҳама дар асоси қонун ва мантиқи муборизаҳои сиёсӣ анҷом меёбад, пас ҷои тарс нест. Мо бовар надорем, ки ҷониби дигар аз таҷрибаи пешина истифода намекунад. Ман ба ин бовар надорам ва набояд инҷо таваккул кард. Ҳамчун як ҳизби сиёсии масъулиятшинос тамоми ҷанбаҳои манфию мусбатро дар тарозу вазн хоҳем кард.”

Раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “мо намехоҳем, муноқиша рух диҳад ё мардуми тоҷик ба гуруҳҳо, исломӣ ва дунявӣ, тақсим шаванд.”

Кабирӣ ба суоли хабарнигор, ки таҷрибаи инқилоб дар Тунис ва Миср гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳангоме исломиён сари қудрат меоянд, ҳамчун ормонгаро, на амалгаро меоянд, посух гуфтааст, “албатта, мо инро хоҳем омӯхт. Мо ҳозир як эътилофи густарда таъсис додаем ва технократҳою мутахассисонро ҷалб мекунем.”

Муҳиддин Кабирӣ зарур донист, ки ҳар ғолиби интихоботи раисиҷумҳур бояд танҳо ба ҳизби худ такя накунад: “Мавқеи ман ҳамин аст, номзаде, ки аз як ҳизб намояндагӣ мекунаду пирӯз мешавад, на бояд бештар аз 10%-и кобинаи худро аз ҳизбаш ташкил диҳад. Яъне ҳадди аксар бояд 10 дар сад бошад. Дар умум намояндагони аҳзоб дар кобина бояд 40 дар сад бошанд, 60 дар сади дигарро доираҳои корӣ ва технократҳо ташкил диҳанд.”

Дар ҳамин ҳол Кабирӣ таъкид намудааст, ки ҳизбашон аз таҷрибаи ғании кор дар ҳукумат ва парлумон бархӯрдор аст: “Мо тули се сол дар ҳукумати эътилофӣ ва ҳудуди 10 сол мешавад дар парлумон фаъолият дорем. Яъне мо таҷрибаи корӣ ҳам дар парлумон ва ҳам дар ҳукумат дорем ва барномаҳои худро на дар асоси таҷрибаҳои аҳзоби сиёсии дигар тарҳрезӣ хоҳем кард, балки ба таҷрибаҳои худ такя мекунем. Он чӣ мо дар Тоҷикистон ба даст овардаем, ҳизбҳои сиёсии дигари хусусияти динӣ дошта, ҳоло барои ба даст овардани ин таҷриба бояд хуб омӯзанд.”
Мӯҳр
курбонали
Чаноби Кабири хеч туро нафахмидем.Хафтаи гузашта пуштибони аз хизби ХХДТ КАРДИ хозир бо итарафш карди и бтун АВДРАХИМ шиди ку.Ин харакатхо тарафдоронатро аз байн мебарад.Худованд ХНИТ-РО ХОКИМИ МУТЛАК ГАРДОН ОМИН!!!!!!!!!!!

Нишастҳои рӯзҳои охир нишон медиҳад, ки баробари наздик шудани интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбҳо ва ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ кӯшиши дар раванди интихоботи президентӣ иштирок кардан доранд. Аз ҳама бештар Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ба ин ҷараён таваҷҷуҳ мекунанд.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ дар баромадҳояш гуногун ва бемуъҷизият сухан меронад, гуфтори мушаххас надорад, гоҳе ба як сӯй рӯй меорад ва гоҳе ба сӯйи дигар. Ҳамин аст, ки ақидаҳояш муқобили якдигаранд. Масалан, Кабирӣ зимни як мусоҳибааш дар хориҷи кишвар гуфта буд, ки бо баинобат гирифтани баъзе шартҳо дар интихоботи ояндаи президентӣ агар Президанти кунунии кишвар номашро гузорад, аз ӯ ҷонибдорӣ хоҳад кард. Аммо дар нишасти чанд рӯз пеши худ иброз дошт, ки ҳеч далели қавие барои иштирок накардан дар интихоботи президентии соли ҷорӣ надорад ва ҲНИТ ҳатман дар ин сабқат ширкат хоҳад варзид. Маълум мегардад, ки Кабирӣ ба як хулосаи қатъӣ наомада, гоҳе дунболи имконияту ваъдаву шарту шароит ва гоҳе дунболи хоҷагону аъзоёну кӯмаккунандагон мегардад. Вале аз ягон тараф ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намеёбад.
Дар баробари ин профессор Иброҳим Усмонов ба созиши қатъӣ омадан ва кӯшиши муштараки равандҳо аз сӯи як эътилофи аҳзоби мухолифро бовар надорад. Муҳаққиқ мегӯяд: «Эътилоф ҳеҷ гоҳ шакли ягона надорад, метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад. Агар Раҳматилло Зойиров гуфта бошад, ки ӯро ба ҳайси номзади ягона қабул кунанд, ин имконнопазир аст. Ҳамчунин номзади ягонаеро ҳам аз ҲНИТ дигарон қабул намекунанд. Онҳо дар алоҳидагӣ метавонанд вориди мубориза шаванд ва дар давоми раванд ба ин хулоса расанд, ки эътилоф кунанд ё не. Раванд инро муайян мекунад».
Ҳақ ба ҷониби И. Усмонов аст, зеро ин ду ҳизби ба ҳам мухолиф дар ягон ҳолат як ҷо намеоянд ва якдигарро дастгирӣ намекунад. Чунки манфиати ҳар ду ҳизб ба ҳам намехӯрад ва яксон нестанд. Яке шариатро сармашқи кори худ қарор медиҳад, дигарӣ бошад кӯшиши нишон додани сохти демократии ҷомеа дорад. Пас ҳимояи манфиатҳо аз ҳам фарқ мекунад. Боз дар инҷо мавқеи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон боло меравад. Барои он ки ин ҳизб метавонад манфиатҳои умумро ҳимоя кунад, ҳам манфиати демократӣ ва ҳам манфиати исломиро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)