Бахшҳо
08 июл 2013 15:48Тоҷикистон / Сиёсат

Кормандони ОВИР маҳалли зисти Тутубалинаро мепурсанд

Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, мегӯяд, ду корманди ОВИР ба идораи онҳо омада, дар бораи ҷои зисти ӯ пурсидаанд. Ба қавли хонум Тутубалина, ӯ дар рухсатии меҳнатӣ аст ва аз ин сабаб бо кормандони ОВИР вакили мудофеи “Азия-Плюс”, Шӯҳрат Қудратов, суҳбат кардааст.

Яке аз кормандони ОВИР худро Ҷамшед Имомов мурарифӣ карда ва гуфтааст, онҳо мехоҳанд қонунӣ будани маҳалли зисти Тутубалинаро мушаххас кунанд. Ба қавли онҳо, Олга Тутубалина, шаҳрванди Русия буда, гӯиё бидуни қаде дар қаламрави Тоҷикистон ба сар мебарад.

Олга Тутубалина дар суҳбати кӯтоҳ ба “Озодагон” гуфт, "ман дар ҳайрат уфтодам, вақте ин хабарро аз идора ба ман гуфтанд. Барои онҳо мушаххас кардани ҷои зисти ман ду карат ду аст, вале маълум нест, чаро онҳо ба идораи мо омаадаанд. Ман чигуна метавонам дар ин ҷо зиндагӣ кунам, агар дар қайд набошам? Ман ҳам шаҳрванди Русия ва ҳам шаҳрванди Тоҷикистонам.”

Аз ин пештар, панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия-Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб кардаанд.
Мӯҳр
Кормандони ОВИР нав бедор шуданд ми?
Шахсоне, ки душахрванди доранд набояд дар макомотхои давлатии Тоҷикистон кор кунанд.
ягон нафари онҳо ба нафъи Тоҷикистон кор намекунанд.

РУСТАМИ КУР Я ЧАШМТА Я БАЛО КН КУШО ЯК ЛАХЗААМ БОША ХАКИКАТА ХОН ФАХМ БИН...НИМИ ТОЧИКИСТОН ШАХРВАНДИИ РОССИЯ ШИДАН ЧАРО ЯК РУСРО ДИДА НАМЕТОНИ????

ОЛГА ХАМЕША ХУШЬАХТУ САРБАЛАНД БОШИ ВА ЗИЁИХОИ БЕЗИЁРА БА НАНГ ОРИ ХАМИНГУНА ШАРМАНДАШОН КУНИ

РУСТАМИ КУР Я ЧАШМТА Я БАЛО КН КУШО ЯК ЛАХЗААМ БОША ХАКИКАТА ХОН ФАХМ БИН...НИМИ ТОЧИКИСТОН ШАХРВАНДИИ РОССИЯ ШИДАН ЧАРО ЯК РУСРО ДИДА НАМЕТОНИ????

ОЛГА ХАМЕША ХУШЬАХТУ САРБАЛАНД БОШИ ВА ЗИЁИХОИ БЕЗИЁРА БА НАНГ ОРИ ХАМИНГУНА ШАРМАНДАШОН КУНИ

Масъалаи барҳам додани низоми душаҳрвандиро Ҳукумати Тоҷикистон бояд ҷиддӣ бигирад. Дар интернет дар бораи лақви душаҳрвандӣ дар Туркманистон мақолае ҳаст. Дар он мақола тасмим ва иродаи ҳукумати Туркманистон оиди лағви (аз байн бурдан) душаҳрвандӣ бо Русия бисёр ҷиддӣ ва равшан омадааст, ки ба назари банда, бояд мавриди таваҷҷӯҳ ва омӯзиши ҷониби Тоҷикистон низ гардад. Маълум шудки, парлумони Туркманистон ҳанӯз соли 2005 ин низомро якҷониба аз Руссия лағв карда будааст, ва ба он ашхосе ки ду шиноснома доранд, муддати панҷ сол мӯҳлат дода шудааст, то онҳо ба як қарор оянд: оё шаҳрванди Туркманистон мемонанд ё Русия. Аз январи соли ҷорӣ ин низом ба ҳукми қонун даромада, дар он кишвар душаҳрвандӣ комилан ғайриқонунӣ дониста шудааст. Дар мақола омадааст, ки "ҳар як шаҳрванд бояд ба сарқонуни як давлат содиқ бошад - Туркманисто ё Русия. Он туркманҳое ки бо шиносномаи русӣ ба Русия сафар кардаанд ( сар аз соли ҷорӣ), "билетҳояшон яктарафа" аст. "Зеро беш аз панҷ сол мӯҳлати кофист, ки ҳар як шахс ба як қарори қатъӣ биояд", омадааст дар мақола.

Ин ҷониб ба ҳукумати Туркманистон аҳсан гуфтам ва афсус кардам, ки ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон то дараҷаи кишвари ҳамсоя ҷуръат намекунад, ки ин низоми нангине, ки танҳо ба манфиати русҳо ва Русия аст ва бо машварати ҷониби он давлат ҷорӣ шудааст, лағв намояд. Он дам Тутубалина барин ашхоси дилсиёҳ ва ғаразнок кайҳо ба кишвари бобоҳояшон кӯч мебастанд. Кӣ бовар мекунад, ки Тутубалина аз муҳаббат ба халқи тоҷик ва Тоҷикистон инҷо зиндагӣ мекунад? Онҳо тоҷиконро чашми дидан надоранд ва ҳар лаҳза интизоранд, ки Шӯравӣ боз эҳё шуда, салтанати русҳо дар Тоҷикистон дубора барқарор мешавад.

Банда сад фоиз мутмаинам ки, агар низоми душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ лағв карда шавад, тайи як ду сол Тоҷикистон аз он тоифа ашхоси ғаразнок покиза мешавад, ва онҳое инҷо мемонанд, ки ба парчам, Сарқонун ва Президенти мо содиқ бошанд. Магар ҳалқи туркман муҳоҷиорони корӣ надорад? Албатта ки дорад! Аспирант, донишҷуён низ дорад ки дар давлати Русия таҳсил мекунанд. Дар он мақола омадааст ки "акнун ҳамаи ин ашхос ( яъне онҳое ки шиносномаи русиро бояд супоранд) ба кишвари русҳо бо раводид (виза) мераванд". Маълум шудки байни Туркманистону Русия кайҳо боз низоми виза вуҷуд доштааст. Магар ин қарори Туркманистон қобили эҳтиром ва пайравӣ нест? То ба кай мо пешхидматони русҳо шуда, аз ҷониби онҳо ҳамеша мавриди масхара ва фишорҳо қарор мегирем???? Магар Тутубалина танҳост, ки моро масхара ва дашном додааст? Фарқ дар онки, агар пештар ин аъмол дар Русия сурат гирад, акнун диверсантҳои рус дар ҷигари (потахти) тоҷикон амал карда истодаанд! Ҳамаи ин аз сустии мост. Банда борҳо гуфтаам ва нашр ҳам намудаам: халқи камҷуръат ва ғуломсифатро касе дар ҷаҳон эҳтиром намекунад!

Чамшед мебахшиву, лекин ман бо ту рози нестам ва нахохам буд. Мо то он вакте ки, дар Россия як мухочири кори дорем набояд ба хатогихо рох дихем Агар сол то сол шумораи ин мухочирон кам мешуд, мумкин буд, ба манфиати чомеъаи мо точикон буд. Аммо ин тур нашуд. Ман дар солхои 90ум дар Ишкобод будаму хамон солхо дар ончо Газ барои халк бепул буд. Хар як туркман,дар 1мох хукуки 10кг орди бепул,ва микдори беохир намаки оши медоданд Дар хамон солхо карзи Украина аз Туркманистон, миллионхо доллорро барои газ,ташкил медод! Лагв кардани душахрванди боиси пешравии маърифату маданияту чамъият будаву шуда наметавонад!! Бо кадом иктисодиёту истехсолот, ту метавони кариби 2млн мухочирро ба ватан баргардониву бо кор таъмин сози??!!

ХАМАИ КОРМАНДОНИ ОВИРо САДКАИ ЯК ТОРИ МУИ ОЛЬГА КУНАД!!!!

Файз
Чанд ркзн пеш Туркманщое ки шахрванди Туркманистон ва Руссия буданд, онхоро Хукумати Туркманистон Паспорти биометри дод. Ва Русия хам инро хуш кабул кард.

Точики асил
Ҷамшед,
Номухтарам чамшуд.Якумаш ин,ки Точикистон аз Туркманистон ба кулли фарк мекунаду,дарачаи зиндагии мардуми ЧТ аз мардуми туркман 10 маротиба камаш бадтар аст!Дуюмаш,ин ки хатто ба як бесаводи девона малум аст,ки хаёт дар Точикистон аз хисоби маблаги гусел мекардаи мухочирони мехнатии точики дар Руссия буда пеш рафта истодааст.Вагарна бо ин нарху навое,ки дар ЧТ аст бо он маоше,ки хукумати Рахмон ба мардуми худаш лоик мебинад,яне 500 сомони дар ЧТ гуруснагни хохад шуд.Шумо атандустони забони дар муддати 21 сол миллату давлатро ба чунин рузи мудхиш ва гиряовар оварда расондед.Дар РФ туркмани кучаруб нест,дар сохтмон кор мекарда нест.Бас кунед дуруггуиро хоинони миллат.Ольга шахрванди ЧТ буда аз тамоми шумо ГОРЕПАТРИОТХОИ хоин барои миллати точик хизмати шоён кардааст! ХУДО ХОХАД замонаш меояд шумо хоинони миллат албатта дар назди давлату миллат,барои дуздии ёрихои гуманитари,барои дуздии буча ва карзхои давлати,барои фурухтани пораи ВАТАН ба ХИТОЙ албатта чавоб хохед дод!Ин суханхои зебои дуругонаи шумо он вакт кор нахохад дод.

БА ПАТРИОТ

Патриот аввали ин ки ба эҳсосот дода нашав, худата ҳурмат кун. Дуввум ин ки худат чашмата кушо, бин ки душман дар миёни ману ту кораша карда истодааст. Аз хоб бедор шав ва ё ту ҳам ба мисли Тутубулина душмани миллати тоҷик ҳасти. Ақлата кор фармон "Патриот". Солҳои 1991-1992 ҳамин гуна душманони миллати ҷангро оғоз карда буданд. Ҳамааш аз ҷалби зиёи ба сиёсат сар шуда буд.Аз берун истода вазъи Тоҷикистонро баҳо надиҳед. Монед мардуми Тоҷик аз пушти зиндагии худаш шавад. Ин дасисаи дасти беруна ҳаст. Патриот ҳам бовар дорам аз берун сухан мегуяд ё кормандони ФСБ Руссия ва СБ Узбакистонанд.
Олга хуб мешуд ки дигар ба Тоҷикистон наои. Намаки Тоҷикистон иншоллоҳ шуморо кур мекунад.
Илтимос чоп кунед.

Точики оддии мухочир
Рустам,
Рустам,Шумо ватандорони забони аз тамоми душмани миллат бадтаред!Безор кардед аз ёдоваршавии солхои 90.Агар хамин хел ноадолати,беспределии хукумати Рахмон давом ёбад ходисахои солхои 90 албатта такрор хоханд шуд.Зеро хукумати Рахмон ба давлату давлатдори наълат оварда точиконро ба гуломи Руссия табдил дод!дар муддати 21 сол наметавонад оддитарин чиз яъне кувваи баркро барои мардумаш мухайё созад!Магар ин шармандаги нест?Натичаи хукмронии Рахмон дар муддати 21 сол дар ЧТ ин: пасттарин маош,пасттарин нафака,пасттарин дарачаи зиндаги,пасттарин иктисодиёт,фасоди дарачаи оли,кимматаин андозу бочхои давлати ва чаримахо.кимматарин нархи маводи озука.Шахсони бесаводу нолоик дар вазифахои давлати.Махалчиги ва хешутаборчиги дар тамоми макомоти давлати.Руз аз руз мо аз давлатхои хамсоя окиб монда истодаем!Бо вучуди ин касрхои чанд млн доллара дар Варзоб,хисобхои млрд доллара дар офшор.Тамоми бизнес азони як гурух ва як оила....Магар хамин буд орзуи миллати точик аз истиклолият?Кай шумо косалесони давлати бас мекунед хушомадгуиро ва хакикатро мегуед?Ольга душмани миллат НЕСТ!У кахрамони миллат аст,ки хакикатро мегуяд!Душмани миллат ин ту ва ранги ту косалесони дарбори хастанд,ки ба чузъ дуругу афсона ва демагогияи беасос ва хушомадгуии беандоза мардумро гумрох карда фиреб медихед!Гуиё дар мо хама чиз нагз,гуиё мо пеш меравем!Хол он,ки бо ин президент ва бо ин гурухи бесаводи мансабдорон ТОЧИКИСТОН харгизу харгиз пеш нахохад рафт.Дар бораи ду шахрванди хатто овоз баанд накунед!Зеро шумо ба ном хукуматед.Хукумате,ки наметавонад барои мардуми худаш кути лоямутеро ёфта дихад,чои кории лоик ташкил кунад.Хукумате,ки танхо дар фикри бойшавии кисаи худ дорад.Хукумати мо РУССИЯ хаст,ки аз хисоби вай харчанд бо мехнати худи мо ба кути лоямут барои зиндаги медихад.Шумо косалесону мансабдори харомхур фикр мекунед бо он 100 доллари маоши миёнаи ЧТ метавонад мардум зиндагиашро пеш барад?Бовар кун агар Руссия хамаи точиконро аз РФ пеш кунад,шумо низ гушнахои давлати аз фоида оз мемонед!Ин хама пораи мегирифтаи шумо низ аз хисоби хамон пулхои Руссия аст на он 500 сомони хукумати Рахмон медода.Зеро он 500 сомон хатто барои хуроки якмохаи як нафар намерасад.

Ҳама асаби будастанд. Ма мехоҳам бо ҳамин одамҳо ру бу ру суҳбат кунам. Гуям, ки омус ва нанги тоҷики доштан даркор. Мемураму лекин дар назди як руси ҳаром сар хам намекунам. Номус доштан даркор. Миллата ва ватана фурухтан даркор нест номуҳтарам "Патриот" ва "Тоҷики одди". Ақлатона кор фармоед. Шумо ку одамҳои худи руссия ҳастанд ва аз руссия истода баҳо надиҳед. Агар ҷанг ҳам шавад шумо гурехта меравед, лекин фикри мардуми камбағала кунед. Тоҷикистон он кишвари соли 1991 ё 1992 нест. Мардум шумо барин беномусонро намегузорад ки сар боло кунед. Мардуми Тоҷик медонад ҷанг чист ва дар ҷанг ки ғолиб меояд. Кани он падару модарони миллат ки шумо дастгирӣ мекардед. Кани он падару модарони миллат ки моро роҳнамои мекарданд? Кани он ваъдаҳое ки шумо бо хоҷаҳои хориҷии худ, аз ҷумла Руссия ва узбакистон медодед. Баъзе падарони миллат вазифа гирифтанду вақташда хомуш шуданд. Мана номуси шумо. Ҳамаш барои вазифа будаст ку. Илтимос монед тенҷ шинем. Кур як бор дар чоҳ меафтад. Иншоллоҳ шуморо намаки Тоҷикистон намебахшад. Оллоҳ Акбар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)