Девид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои низомии НАТО дар Афғонистон, рӯзи 18-уми июл расман аз мақомаш канор рафт.
Генерали амрикоӣ, тайи 37-соли хизмат дар ҷузу томҳои артиши ИМА ва мақомоти интизомиву хадамоти истихборотӣ ахиран баъди яку нимсоли хизмат дар ҷумҳурии исломӣ ба ватан бармегардад. Бино ба навиштаи «Вашингтон-пост», дар як маросими вижа дар Кобул генерали дигари амрикоӣ Ҷон Аллен фармондеҳии нирӯҳои эътилофро бар ӯҳда гирифт. Гуфта мешавад, Аллен дар ҷанги Ироқ ҳамчун фармондеҳ ном баровардааст. Девид Петреус бошад, акнун ба мақоми раҳбари идораи марказии ҷосусии Амрико (СРУ) менишинад.Таҳвили масъулияти фармондеҳии нирӯҳои эътилоф ҳамагӣ як рӯз баъд аз оғози раванди таҳвили масъулияти таъмини амният ба нирӯҳои афғон ва ҳам як рӯз баъд аз қатли Ҷонмуҳаммад Хон, як мушовири калидии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай дар натиҷаи ҳамла ба манзилаш дар Кобул сурат гирифт. Қарор аст, то соли 2014 нерӯҳои амрикоӣ қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр