Владимир Путин раисиҷумҳури Қазоқистонро “падар” номид

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Нурсултон Назарбоев, ҳамтои қазоқи худро падари муассисони “Иттиҳоди гумрукӣ” номидааст.
Ба иттилои расонаҳои қазоқӣ, Владимир Путин Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистонро падари муассисони “Иттиҳоди гумрукӣ” хонда, гуфтааст, таъсиси ин созмон идеяи худи Назарбоев буда, онҳо танҳо дар пайи амалӣ ва рушди он мебошанд. Ӯ афзудааст, ҳоло мо манфиатовар будани “Иттиҳоди гумрукӣ”-ро эҳсос мекунем, ки ин нақши муҳиме дар равандҳом пурталотуми иқтисоди ҷаҳонӣ дорад.
Раисиҷумҳури Русия, ки дар ин бора зимни дидори худ бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев рӯзи 7-уми июл дар шаҳри Остона суҳбат мекард, аз хидматҳои ӯ барои Қазоқистон довар шуда, гуфтааст: “Шумо барои ин кишвар хеле хидматҳое кардаед ва умед аст, ки дар оянда низ хоҳед кард. Таҷлили Рӯзи пойтахт, ин таҷлили рӯзи Шумост. Зеро ин шаҳри худи Шумо мебошад ва сокинони Остона хушбахтарин мардуманд, ки дар як шаҳри ҳамқадами замона ба сар мебаранд.”
Маврид ба зикр аст, ки Владимир Путин рӯзи 7-уми июл дар доираи як сафари расмӣ вориди Остона гардид. Ба гуфтаи мақомоти рус, ин сафари Путин танҳо марбут ба зодрӯзи Нурсултон Назарбоев, мебошад, ки як рӯз қабл аз сафари раисиҷумҳури Русия ба Қазоқистон таҷлил шуда буд.
Руасои Қазоқистон Русия дар ин дидори худ бархе аз масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, ба вазъиятҳои ахири кишварҳои арабию минтақа, аз ҷумла Сурия, Миср ва низ вазъияти Афғонистон баъд аз хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ дар соли 2014 дахл кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |