Пажуҳиш: 68%-и сокинони Душанбе шабакаҳои моҳворагӣ тамошо мекунанд
Нилуфари КАРИМДар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил истеҳсоли маводи аудиовизуалӣ тавассути иҷозатнома, танҳо дар Тоҷикистону Узбакистон боқӣ мондааст, ки боиси ношаффоф ва густариши фасод дар ин бахш шудааст.
Ин нуктаро Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, имрӯз, 8-уми июл, зимни муаррифии натиҷаи тадқиқоти “Бозори телевизионҳои Тоҷикистон – мушкилӣ ва дурнамо”, ки аз ҷониби “Хома” анҷом ёфтааст, таъкид намуд.
Зимни муаррифии натиҷаи тадқиқот таъкид шуд, ки бозори телевизиони тоҷик имрӯз чандон ҷолиб нест ва беш аз 68 фисади сокинони Душанбе аз моҳвора истифода бурда, телевизионҳои маҳаллиро умуман тамошо намекунанд.
Шаҳло Акобирова, директори ташкилоти “Хома”, изҳор дошт, тадқикоти мазкур аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи июни соли 2013 дар доираи лоиҳаи “Гузариш ба пахши рақамӣ ҳамчун имконияти устувор намудани мавқеи шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар бозори ВАО-и электронӣ” амалӣ гашт: “Ҳадафи мо муайян намудани воқеияти бозор буд. Барои гирифтани руйхати расмии истеҳсолкунандагони миллӣ ба унвонии раиси Кумитаи телевизион ва радио чанд маротиба хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат кардем, аммо мутаассифона мактубҳо ва чанд муроҷиатнома ягон натиҷа надоданд. Ҳол он, ки тибқи қонунгузорӣ мақомот вазифадоранд, дар муҳлати се рӯз ҷавоб гардонанд. Дар ҳамин ҳол, ба мактубҳое, ки барои тадқиқоти мазкур ба давлатҳои дигар фиристода будем, ҷавоби расмӣ гирифтем.”
Акобирова афзуд, ки “агарчи шумораи расмиро барои мо дар ин самт надоданд, мо тавонистем иқтидори ин бозорро равшан намоем. Ба хотири маълум кардани тавоноии бозор ва истеҳсолгарон, мо ҳатто онҳоеро, ки базаи техникӣ доранду иҷозат нагирифтаанд, ҳисоб гирифтем. Албатта, ба хотири халал ворид накардан ба фаъолияти онҳо, ин маълумот фош нахоҳанд шуд.”
Шаҳло Акобирова илова намуд, ки “чунин тадқиқот дар кишвари мо бори аввал гузаронда мешавад, бинобарин мо аз таҷрибаи мамолики дигар ва нишондиҳандаҳояшон истифода бурдем. Бояд гуфт, дар давлатҳои дигар, чунин тадқиқотро худи шабакаҳои телевизионӣ маблағгузорӣ мекунанд, то вазъи бозорро омӯхта, матолибро мувофиқи талаботи он омода намоянд.”
Лола Мерганова, намояндаи ташкилоти “Хома” иброз дошт, ки яке аз самтҳои муҳими тадқиқот, омӯзиши заминаи техникӣ ва эҷодии студияҳои истеҳсолкунандаи маводи аудиовизуалӣ аст: “Бозори маводи аудиовизуалӣ дар Тоҷикистон ривоҷ наёфтааст ва дар доираи омӯзиш, кушиш карда шудааст, ки сабабҳояш муайян гардад. Маводи босифати аудиовизуалии ватанӣ дар фазои рақамӣ хеле муҳиму зарур аст, зеро он бояд ба маводи дигар шабакаҳои хориҷӣ, ки теъдодашон барои бинанда ниҳоят зиёд аст рақобатпазир бошад.”
Дар давоми ҳамоиш инчунин таъкид гардид, ки мушкилоти кадр монеъи рушди телевизион мешавад. Чунончи, кормандони штатии 9 шабакаи давлатӣ зиёда аз 1000 нафар аст, ки дар як шабонарӯз 129 соат мавод пахш мекунанд. Дар 15 шабакаи телевизионҳои мустақил бошад, кормандони штати 170 нафар аст, ки дар як шабонарӯз 110 мавод пахш мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |