(АКС) Вазорати нақлиёт чиро интизор аст?
Сокинони ноҳияи Вахш аз он нигаронанд, ки як пули муддатҳо боз вайрона, вале серрафтуомад дар ин ноҳия ягон рӯз фалокате ба бор меорад.
«Ин пул ду моҳ боз ҳамин хел шикастагӣ аст. Агар созаш накунанд, кадом рӯз ягон мошин дар дарё ғарқ мешавад. Мақомот ҳама ин вазъиятро медонанд, аммо то ҳол ҳеч чорае наандешидаанд»-мегӯяд, Мирзо, ронандаи таксие, ки моро ба шуъбаи якуми хоҷагии Кирови ноҳияи Вахш мебурд.
Пули мазкур дар шафати роҳи Қӯрғонтеппа - Сарбанд дар рӯйи наҳре, ки қад-қади шоҳроҳи зикршуда ҷорист, ҷойгир буда, солҳои тӯлонӣ рӯйи таъмири асосиро надидааст. Ба қавли Мирзо, азбаски пули мазкур масири асосии наздиктарини баромад ба шаҳр барои сокинони хоҷагии Киров маҳсуб меёбад, рӯйи он ҳамеша сермошину серҳаракат аст.
Бобои Камол, нафаре, ки дар ин сафар моро ҳамроҳӣ мекард, мегӯяд, мақомоти дахлдори ноҳияи Бохтар, ки пули зикршуда дар мувозинаи онҳо будааст, манфиатдор нестанд, то он зуд таъмир шавад. “Додари Ҳоҷӣ Комил, як марди сахии ҳаминҷоӣ, хост аз ҳисоби худаш ин пулро азнавсозӣ намояд, аммо идораҳои дахлдори соҳа инро нахостанд”,-гуфт бобои Камол.
Ба андешаи ӯ, мақомот мехоҳанд, барои сохтмони ин пул аз буҷаи давлат маблағ ҷудо карда шавад, ки аз ин онҳо шояд манфиатдор бошанд. Масъулини идораи роҳтаъмиркунии ноҳияи Бохтар аз суҳбат дар ин мавзуъ худдорӣ карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |