Барзу Абдураззоқов -- коргардони беҳтарини соли Қирғизистон
Доварони фестивали панҷуми театрӣ дар шаҳри Норини Қирғизистон Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи тоҷикро коргардони беҳтарини сол дар ин кишвар эълон карданд. Ин ҷоиза дар ҳоле ба оқои Абдураззоқов дода шуд, ки рӯзи бистуми июни соли ҷорӣ намоишномаи “Қиёмат”-и ӯ аз рӯи асари Чингиз Айтматов барои нахустин бор дар Бишкек ба намоиш даромад.
“Ман он лаҳза хеле хушҳолу хушбахт будам”,-гуфт Барзу Абдураззоқов дар сӯҳбат бо “Озодагон”. Ҳоло ӯ ба Театри давлатии академӣ ба номи Абдумомунови Қирғизистон даъват шудааст, то намоишномаеро аз рӯи асари Чингиз Айтматов -- "Пегий пес, бегущий краем моря" ба рӯи саҳна орад.
Қарор аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 85-солагии Чингиз Айтматов, нависандаи маъруфи қирғиз, дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад. Гуфта мешавад, ин намоишномаҳои Барзу Абдураззоқов маҳз барои ҳамин фестивал таҳия мегарданд.
Барзу Абдураззоқов, яке аз коргардонҳои саршиноси Тоҷикистон аст, ки дар гузашта раҳбарии Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри ҷавонон ба номи Маҳмуди Воҳидро ба уҳда дошт.Акс аз бойгонӣ: Барзу Абдураззоқов ҳангоми таҷлил аз 70-солагии Театри Камоли Хуҷандӣ дар маркази вилояти Суғд
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |