Хадамоти муҳоҷирати федералӣ иттилоъ медиҳад, ки аснои баргузории як амалиёти санҷишӣ сокинони Тоҷикистон дар сохтмони бунёдшаванда дастгир гардида, ҳар яки онҳо ба андозаи 2 ҳазору 100 рубли русӣ ҷарима шудаанд. Ба замми ин корфармо бо онҳо шартнома накарда, тоҷикон гӯё санади иқомати муваққатӣ ҳам надоштаанд. Паҳлӯҳои дигари қазия алъон тафтиш мешавад.
Дар ҳамин ҳол суоле дар интизори ҷавоб аст, ки ҳамватанони мо дар ин иншоот тайи ҳафт моҳи ахир кор мекардаанд, аммо ин барои мақомоти интизомии Русия ҳеч мушкиле надошта, акнун, ки тарҳи мазкур имрӯз ба поён мерасад, дар қиболи муҳоҷирон бархӯрди баръакс сурат мегирад. Оё корфармоён дар ин маврид ҳам аз коргарон фаромӯш накарда, музди меҳнати онҳоро мепардозанд?{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |