Ду медали варзишгарони тоҷик дар Универсиада
Ду варзишгари тоҷик дар Универсиадаи 27-уми ҷаҳон, ки дар шаҳри Қазони Русия ҷараён дорад, соҳиби ду медал шуданд.
Тавре Кабирҷон Ҷураев, муовини аввали раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод, рӯзи 7-уми июл, паҳлавонони тоҷик дар риштаи гуштии камарбандӣ ду медал гирифтанд. Абдуазим Бойназаров дар вазни то 68 кило бо услуби озод сазовори медали нуқра гардид. Варзишгари дигари тоҷик Ибодулло Алибердизода, дар вазни то 62 кило нишони биринҷиро соҳиб шуд.
Номбурда илова намуд, ки мунтахаби Тоҷикистон дар байни 31 кишваре, ки то ҳол соҳиби медал гардидаанд, бо 2 медал-1 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷойи 18-ум меистад.
Бозиҳои 27-уми умумиҷаҳонии донишҷӯён рӯзи 6-уми июл шурӯъ шуда то 17-уми июл идома хоҳад кард. Ин мусобиқа аз рӯи 40 намуди варзиш баргузор мегардад ва бори нахуст варзишгарони тоҷик аз рӯи 11 намуди варзиш дар он ширкат мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 86 варзишгар, 28 мураббӣ, 2 довар ва 3 намоянда аз ҷумла Маликшо Неъматов, роҳбари Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар шомиланд.
Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, варзишгарони тоҷик дар нимсолаи аввал дар сабқатҳои байналмилалӣ 114 медал, аз ҷумл 37 тилло, 29 нуқра ва 48 биринҷӣ ба даст овардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |