Камол Қулчудр: Урдуғон аз оқибати Мурсӣ ибрат бигирад
Раҳбари ҳизби ҷумҳурии халқи Туркия, корномаи Урдуғонро ба амалкарди Мурсӣ ташбеҳ дода, гуфтааст, ки «наметавон бо саркуби иродаи мухолифин иқтидорро ҳифз кард.»
Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз Курдпресс, Камол Қулчудр- Уғлӯ, раҳбари ҳизби ҷумҳурии халқ, рӯзи шанбе дар бораи руйдодҳои Миср изҳори назар кард. Вай эълон кард, ки таҷаммуъи миллионҳо нафар аз мухолифини Муҳаммад Мурсӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира ҷилваи бошукуҳе аз талош барои эҷоди тағйироти демократӣ ва анҷоми кудито дақиқан ба маънои нодида гирифтани иродаи мухолифини Мурсӣ ва соири шаҳрвандони мисрӣ буд.
Вай дар идома зимни ташбеҳи Раҷаб Тайиб Урдуғон, нахуствазири Туркия ба амалкарди Мурсӣ гуфт: «Урдуғон бояд аз оқибати Мурсӣ дарс бигирад ва қабул кунад, ки наметавон бо саркуби иродаи мухолифин иқтидорро ҳифз кард. Мурсӣ низ аз ҳимоят ва орои болои мардуми Миср бархурдор буд, аммо дақиқан монанди Фиръавн ва Урдуғон бо мушкилоти кишвараш рубару шуд ва ба хотири касби оро тасмим ба нодида гирифтани муолифони худ гирифт ва дидем, ки танҳо як сол тавонист давом биёварад.»
Қулчудор Уғлу дар идома афзуд, «аз Урдуғон мехоҳем даст аз тақлиди Фиръавн бардорад ва бовар кунад, ки таҷассуми демократӣ дар шумориши орои сандуқҳои интихобот нест ва як мақоми сиёсӣ дар баробари ҳамаи шаҳрвандони кишвараш масъул аст ва наметавонад фақат нахуствазир ё раиси ҷумҳури касоне бошад, ки ба у раъй додаанд. Ҳар ҳукумате, ки монанди давлати Мурсӣ аз дин истифодаи абзорӣ ба амал биёварад, ба чунин сарнавиште маҳкум аст ва Урдуғон низ бояд то дер нашуда, асли лойизмро ба унвони аслитарин мабнои ҷумҳурии Туркия мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад. Аз ин гузашта фаромуш накунем, ки Миср яке аз муҳимтарин ва таъсиргузортарин кишварҳои Ховари Миёна аст ва бидуни шакк шикофҳои эҷодшуда дар ин кишвар дар ояндаи наздик бар руи ҳамаи минтақа ва бавижа дар Туркия низ таъсир хоҳад гузошт.»
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |