Бахшҳо

Дастаи “Истаравшан” тими “AV Football Academy”-и Нигерияро шикаст дод

Тими “Истаравшан”-и Тоҷикистон дар сабқат бо футболбозони клуби касбии AV Football Academy-и Нигерия, ки дар чорчӯби сафарҳои ҷаҳонии худ вориди Тоҷикистон шудаанд, бозии дӯстона анҷом дод.

Ин бозии рӯзи шанбе, 6-уми июл дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор гардида, бо ҳисоби 3:2 ба нафъи бозигарони дастаи “Истаравшан” анҷом ёфт.

Голҳои ғолибонро се бозигари нави даста - Фарҳод Тоҳиров, Илҳом Баротов ва Бурҳон Шодиёров ба ҳадаф расониданд. Бошгоҳи футболи “Истаравшан”, ки бо раҳбарии Зокир Бердиқулов, сармураббии нави даста, ба давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии кишвар омодагӣ мебинад, ба ҳайати даста се бозигари тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров - нимҳимоятгарон Сӯҳроб Эгамбердиев, Нодирбек Маъмиров ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров инчунин нимҳимоятгари клуби “Ӯротеппа” Илҳом Баротовро ҳамроҳ кардааст.

Ҳамчунин се легионер аз Узбакистон - ҳимоятгар Азамат Комилҷонов, нимҳимоятгар Бурҳон Шодиёров ва ҳамлагар Ҷавлон Рустамовро даъват кардаанд.

Тими “AV Football Academy”-и Нигерия рӯзи 29-уми июн дар нахустин бозии дӯстонаи худ аз тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 5:4 шикаст хӯрда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)