Як дарсади ВВП-и Тоҷикистон барои чойхонаи миллӣ
Чойхонаи миллии Тоҷикистон дар шафати хиёбони Исмоили Сомонӣ, дар канори кӯли ҷавонон дар назар аст, ки то моҳи сентябри соли равон мавриди истифода қарор бигирад.
Тибқи иттилои сомонаи eurasianet.org арзиши ин чойхона беш аз 60 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки ба як дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Ин сомона бо зикри чанд бинои нави фарҳангию фароғатӣ ва баландтарин парчам дар Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки маблағгузори ин иншоот ширкатҳое мебошанд, ки аз раисиҷумҳур назари некро интизоранд.
Чойхонаи миллӣ дар шаҳри Душанбе дуюмин баъди чойхонаи “Хуррамшаҳр” дар ноҳияи Данғара, зодгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки бо харҷи даҳҳо миллион доллар бунёд ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки чойханаи Душанбе калонтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |