"Ҳамаи мо дар марги Ҷаннат Усмонова гунаҳкорем"
Галина ЮНУСОВАБилохира, “нафари гунаҳкор” пайдо шуд! Оне, ки сабабгори фасодзадагии низоми маорифи кишвар аст, ба сазояш расид! Ӯ муаллимаи куҳансол, мудири кафедраи забони русии як омӯзишгоҳи Хуҷанд будааст.
Саҳна мисли ҳамешагӣ ва оддист: муаллима пул гирифт, пули гирифта аломат доштааст ва кормандони ожонсии зидди фасод дар наздикиҳо “гаштугузор” мекардаанд. Муаллимаи 64-соларо ба ожонсии мазкур бурда, “суҳбат карданд”. Ҳатто, ҷавобаш додаанд. Аммо инаш аҷиб, ки пас аз суҳбат муаллима ба ҳаёти муқаррарӣ барнагашт. Ӯ на назди шогирдон, шавҳар, фарзандону наберагон, балки ба соҳили Сирдарё рафт. Ҷони худро ба мавҷҳои оби он супурд. Боз як фоҷиаи дигар.
Танҳо Худо медонад, ки бо ӯ кормандони ожонсии зиддифасод дар чӣ хусус суҳбат карданду чӣ гуфтанд? Чӣ чиз ӯро маҷбур кард ба чунин амал даст занад? Худи Ҷаннат Усмонова дигар ҳаргиз ин розро ба мо намекушояд. Ба суханони “суҳбаткунандагон”, пас аз воқеъаи рухдода, ба фаҳмишам рост намеояд.
Агар ба назар гирем, ки мо дар кишваре ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем, пас мантиқан оилаи марҳум метавонад кормандони Ожонсиро ба суд кашад, то барои “расондан ба худкушӣ” ҷавобгар бошанд.
Ҳамон манбаъ, ки ба рузноманигорон дар бораи ҳодисаи рухдода хабар дода буд, ҳамчунин гуфтааст, ки ин ҳолати панҷуми фасод аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои олии таълимии Суғд аст. Чи бетартибӣ! Тасаввур кунед, ПАНҶ ҳолат!
Дар ҳамин ҳол, ҳамагон медонанд, ки таҳсил дар Тоҷикистон кайҳо боз дар сатҳи ғайрирасмӣ бепул нест. Агар дар оғоз он зери пардапӯшиҳое ҳамчун “кумакпулӣ” ба муассисаи таълимӣ ё таъмироти беохиру номаълум ҷой дошт, пас ҳоло чунин пардохтҳо як қисми низоми маориф аст ва пӯшида нест, ки барои дохил шудан ба дилхоҳ муассисаи олии таълимӣ, дониш лозим нест. “Пушт” ва пул даркор. Беҳтараш – ҳам “пушт”, ҳам пул.
Нархгузорӣ дар муассисаҳои гуногун яксон нест ва аз шуҳрати муассиса ва нафси раҳбарияташ бастагӣ дорад. Бале, нафси роҳбарият. Фикр мекунед, дохил шудан ё нашудани довталаб танҳо аз як нафар бастагӣ дорад? Не, ин масъала дар сатҳҳои болотар ҳал мешавад ва маблағи шумо низ ҳамагӣ ба кисаи муаллими “шиносатон” нарафта, балки тақсим мешавад. Тақдири довталабро нафароне ҳал мекунанд, ки боре ҳам ӯро надидаанд.
Дар баробари ин, агар шумо пули кофӣ барои пардохти ҷои паси мизи донишгоҳ доред, ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки шумо дохил мешавед. Шояд, нафаре пули бештаре дорад, ё “пушт”-и бақувваттар... Шумо бошед, баумед пул ҷамъ мекунед ва барои эҳтиёт, китобҳоро варақ ҳам мезанед.
Аммо ин танҳо дохилшавист. Худи раванди таҳсил саҳнаи дигар аст. Боз кӯшиши хондан ва донишандӯзӣ лозим. Аниқтараш, “таҳсил”... Ин бозии сатҳи дигар аст. Онҷо маълум мешавад, ки хондан лозим нест. Нархгузории имтиҳону санҷишҳо ҷои худро дорад.
Гоҳо донишҷӯ кӯшиш мекунад, кори лабораторӣ ё ягон вазифаи дигарро менависад ва ба муаллим месупорад. Аммо он дубора ба ӯ бармегардад: гӯё, хатоҳои зиёде дорад, ки бояд ислоҳ шавад. Ва ҳамин тавр, чанд бор... То он, ки ягон нафар ёрдамчии муаллим ӯро ба каноре даъват намуда, ваъда медиҳад бо устод маслиҳат кунад, танҳо бояд донишҷӯ ин корро харад. Аммо аксари донишҷӯён худро азоб намедиҳанд, чун медонанд, ки ин танҳо талафи вақт аст: ба ягон донишҷӯи курсҳои болоӣ ё кормандони сатҳи поини кафедраю факултаҳо маблағи муайяне супурда, вазифаро дар шакли омода мегиранд. Миёни ин “иҷрочиён” ва устодон гӯё шартномаи ғайрирасмие ҳаст, ки ин корҳо ҳатман қабул мешаванд. Осиёби маориф ба ҳамин минвол мечархад...
Имрӯз каманд нафароне, ки дар ҳақиқат таҳсилдида бошанд ва ҳама тавоноиашонро – на молӣ, балки зеҳнӣ - барои андӯхтани дониш равона намоянд. Чунки одами боақл ҳангоми интихоби донишгоҳ мефаҳмад, ки агар ихтисоси худро хуб наомӯзад, бо он дар оянда кор карда наметавонад. Ҳамчунин, бояд дар назар дошт, ки ҳеч як донишгоҳ, омӯзгор, китоб ё адабиёти дигар наметавонанд беҳтар аз таҷриба бошанд.
Агар ба хотир орем, ки давраи таҷрибавӣ барои донишҷӯён боз ба масъалаи маблағ бармегардад, мефаҳмем, ки чӣ гуна мутахассисон бинои донишгоҳро пас аз итмоми таҳсил тарк мекунанд. Духтуроне, ки намедонанд аз кадом тараф назди бемор наздик шаванд, ин ихтисосро ба хотири даромади зиёдаш интихоб намудаанд. Муаллимоне, ки ҷумларо дуруст тартиб дода наметавонанд ва ягона нишони саводашон дипломашон аст, ки барояшон гарон афтода аст. Ҳуқуқшиносоне, ки намедонанд ҳуқуқ чист, аммо ба ин роҳ ба хотири обрӯ рафтаанд. Ва шумораи зиёди “мутахассисони” дигар, ки танҳо ҳунарашон – гирифтани пора аз як нафар ва додани он ба каси дигар аст.
***
Ҳоло ҳеҷ кас ба боварӣ гуфта наметавонад, ки Ҷаннат Усмонова дар ҳақиқат пора гирифта буд, ё ин танҳо бозие буд ба хотири дур кардани гумон аз гунаҳкорони ҳақиқӣ, ки “вазни” бештар доранд? Шояд, ӯ, ки дар замони шӯравӣ таҳсилу тарбия дида буд, дар раҳи худ росттар аз дигарон буда ва ба нафаре барои “кор кардан” халал мерасонд? Шояд, ӯ интихоби дигаре надошт. Аксаран, муаллимони қаторӣ пиёдае дар тахтаи бозиҳои “калонтарон” њастанд. Ба хусус ки Усмонова нафақахӯр буд. Шояд, ин саҳнаро гузошта буданд, то ӯро дур кунанд ва як ҷои дигар барои “муаллимони” гаправтар холӣ кунанд. Касе намедонист, ки ин зан пурсуҷӯйро набардошта, ба худкушӣ даст мезанад.
Аммо ӯ – шахси принсипнок ва масъул, ки одат кардааст бо рафтор ва дарсаш ба шогирдонаш намунаи ибрат бошад – чунин шармандагиро бардошта натавонист.
Не, ман ӯро намешиносам, мутаассифона. Аммо нафарони зиёди дигареро медонам, ки ҳамонанди ӯ ба кори худ содиқанд, нафароне, ки арзишҳояшон бо пул анҷом намеёбанд, касоне, ки виҷдонашонро намефурӯшанд…
Дар марги Ҷаннат Усмонова кӣ гунаҳкор аст? Фикр мекунам, мо ҳама – ҷомеае, ки чунин рафторро ба инсон, ба низоми маориф, ба ҳаёт дар маҷмӯъ, раво донистем. Осиёб мечархад...
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |