Далелҳои ругардонии мардуми Миср аз «Ихвонулмуслимин»
Аниси Наққош мегӯяд, ҷарёни «Ихвонулмуслимин» замоне, ки ба унвони мухолиф фаъолият мекарданд, ба мавзуоте монанди ормони Фаластин ва душманӣ бо Амрико ва режими саҳюнистӣ таъкид доштанд, вале баъд аз ба қудрат расидан ба шиорҳои худ пойбанд намонданд.
Аниси Наққош, коршиноси аршади масоили Ховари Миёна, дар гуфутгӯ бо хабарнигори байналмилалии “Форс” бо баёни ин, ки мушорикати мардумӣ дар инқилоби 25 январ, ки ба сарнагунии Муҳаммад Ҳусни Муборак анҷомид, басе густардатар аз тазоҳуроти феълии майдони Алтаҳрир аст.
Вай гуфт ҷарёнҳое, ки дар ҳокимияти Миср мушорикат дода нашуданд, нигарони он ҳастанд, ки кишвар ба самту суе бурда шавад, ки онҳо намехоҳанд ва афзуд, “муътақидам ин амр нуқтаи заъфи гуфтугуҳои сиёсӣ аст ва агар ду тарафи рақиб бо ҳам тафоҳум кунанд, хоҳем дид, ки ихтилофоти асосӣ байни онҳо вуҷуд надорад.”
Наққош таҳаввулоти имрузии Мисрро аз даргирии байни лоикҳо(атеистҳо), миллигароён ва қавмгароён бо ҷарёни исломгароёни «Ихвонулмуслимин» донист ва афзуд: “Ҷарёни «Ихвонулмуслимин» қабл аз ба қудрат расидан нуқоти қуввати худро аз дасти душманӣ бо Амрико ва режими саҳюнистӣ чанг мезананд, вале баъд аз ба қудрат расидан ба шиорҳое, ки дар замони ҳокимияти Ҳуснӣ Муборак матраҳ мекарданд, пойбанд нашуданд.”
Ин коршинос бо баёни ин, ки бархеҳо адами пойбандии «Ихвонулмуслимин» ба шиорҳои фавқулзикрро як навъ нифоқ хонданд, ки дар ростои расидан ба қудрат он шиорҳоро матраҳ мекарданд: “Амалкарди Муҳаммад Мурсӣ дар як соли гузашта саршор аз нуқоти манфӣ аст ва аввалин нуқтаи манфии амалкарди вай, эҷоди тағйир дар сиёсати кишвар дар ҳамкорӣ бо Амрико ва режими саҳюнистӣ аст.”
Ин коршиноси аршади масоили Ховари Миёна ҳаллу фасл нашудани муноқишаи оби рудхонаи Нил байни Миср, Судон ва Эфиопияро ба унвони яке аз нуқоти заъфи Мурсӣ донист ва афзуд Мурсӣ на танҳо натавонист равобити хубе бо Ҷумҳурии исломии Эрон барқарор кунад, балки ба ҷои инки доваре барои ҳалли буҳрони Сурия фаъолият кунад, ба унвони як тарафи ин буҳрон зоҳир шуд.
Вай бо ишора ба бе натиҷа будани сафари Мурсӣ ба Чин ва Русия, адами беҳбуди шароити иқтисодӣ ва амниятии Миср дар як соли гузаштаро аз дигар намунаҳои амалкарди манфии Мурсӣ баршумурд ва афзуд, "инқилоби Миср маҳсули як ҳизби хос набуд ва аз ин ру муътақидем ҳокимияти «Ихвонулмуслимин» бар кобинаи Мурсӣ аввалин иштибоҳи вай аст." Наққош ҳадафи мардуми Миср аз инқилоби 25 январро дастёбӣ ба иззат ва каромат хонд ва бо баёни ин, ки вобастагии Мурсӣ ба Амрико ва режими саҳюнистӣ миллати Мисрро хашмгин кардааст.
Наққош шумори муътаризони Муҳаммад Мурсиро бисёр зиёд тавсиф кард ва афзуд: "Афкори умумии муътариз навъе қонуният ба хостаҳои мухолифон медиҳад ва замоне, ки ихтилоф ва дудастагӣ миёни мардум рух диҳад, баргузории интихобот амре ҳакимона аст."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |