Сафорат: Аз 400 тоҷик дар Қоҳира касе зарар надидааст
Сафорати Тоҷикистон дар Миср ба хотири таъмини амният аз шаҳрвандони тоҷик хоҳиш намудааст, ки аз ҳузур дар ҷойҳои серодаму майдонҳои тазоҳурот худдорӣ кунанд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳаводиси рӯзҳои ахири Миср, ягон шаҳрванди тоҷик зарар надидааст. Ин ниҳод теъдоди тоҷиконро танҳо дар Қоҳира, пойтахти Миср ҳудуди 400 нафар арзёбӣ мекунад.
Маврид ба зикр аст, чанд рӯз мешавад, садҳо ҳазор шаҳрвандони Миср даст ба тазоҳурот зада, ба кӯчаву хиёбонҳои навоҳии ин кишвар баромадаанд. Ахиран, Артиши Миср Муҳаммад Мурсиро, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақом барканор кард. Фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Миср шомгоҳи чоршанбе, 3-юми июн, бо қироати баёнияе тасмими артишро ба иттилои мардум расонд. Дар ҳоли ҳозир раиси Додгоҳи олии Қонуни асосӣ ба сурати муваққат ва то баргузории интихоботи зудҳангом идораи умури кишварро бар уҳда дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |