Эмомалӣ Раҳмон дар Хатлон тарабхона кушод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми июл барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии аҳолӣ ва бартарафсозии камбудиҳо озими вилояти Хатлон гардидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад ва ба бунёди як зумра иншооти дигар оғоз мебахшад.
Ин манбаъ мегӯяд, боздиди навбатии кории Эмомалӣ Раҳмон дар Хатлон бо иштирок дар хатнасури дастаҷамъонаи 150 кӯдаки ятиму бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд ва ҳамчунин тӯйи арусии 10 ҷуфти навҷавонони камбизоат оғоз ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур ин чорабинии дастаҷамъонаи хайрия дар тарабхонаи хусусии Бандари куҳани шаҳри Қурғонтеппа баргузор гардид, ки худи ҳамин рӯз ифтитоҳ ёфтааст.
Тавре зикр гардид, ин бинои зебои замонавӣ, ки иборат аз таҳхона ва 2 ошёна мебошад, бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамол Нуриддинов бунёд ёфтааст. Дар таҳхонаи он толору утоқҳои варзишии машқи бадан ва фитнес, дар ошёнаи якум тарабхона ва дар ошёнаи дуюмаш маркази дилхушии кӯдакон ҷойгир шудааст.
Аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба тарҳи бино ва сифати корҳои сохтмону васлгарӣ ва ороишӣ баҳои баланд дода шуд, зеро он дар воқеъ бо усули хеле зебо ва ғайриоддӣ тарроҳию бунёд ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |