Шанбе, 5 Апрел 2025
Муҳоҷирон дар арафаи интихобот... азиз мешаванд

Абдулазизи ВОСЕЪ
Муҳоҷирон дар арафаи интихобот ба ёди ҳама мерасанд, азиз мешаванд.Зуд зуд бо онҳо мулоқот сурат мегирад. Аз мушкилашон мегӯянд ва ваъдаи бартараф кардани онҳоро медиҳанд. Аммо ҳамин ки интихобот гузашт, фаромӯш мешаванд.
Ахиран Ҳизби ҳоқими халқӣ-демократии Тоҷикистон аз силсилаи мулоқоти намояндаҳояш бо муҳоҷирони кории тоҷик ва донишҷӯёни муассисаҳои олии Русия дар минтақаҳои мухталифи он кишвар хабар дод. «Мақсади ин мулоқот дар навбати аввал ошноӣ бо зиндагии муҳоҷирони меҳнативу донишҷӯён ва мушкилоти онҳо аст. Ҳамчунин тарғиби идеяҳои аслии ҳизб ва ба сафи ҳизб шомил кардани аъзои нав мебошад»,-гуфтааст Сарфароз Юнусов, раҳбари маркази таблиғоти мақомоти иҷроияи ҲХДТ дар Суғд.
Аммо ба андешаи ин ҷониб, ҳадафи аслӣ интихобот аст. Интихобот онҳоро маҷбур кардааст, то ба суроғи муҳоҷирон бираванд. Муҳоҷирони меҳнатӣ нерӯи бузурганд ва бахши аъзами интихобкунандаҳо низ онҳоянд. Бино ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион шаҳрвандони қобили раъйи Тоҷикистон барои пеш бурдани зиндагии хонаводаашон дар муздурӣ ба сар мебаранд. Табиист, ҳеч гуруҳе намехоҳад ҳангоми интихобот ин нерӯ сарфи назар шавад. ҲХДТ ҳам. Дар мо бо муҳоҷирон тибқи мақоли «Сад рӯз дар бор як рӯз дар кор» амал мекунанд: вақте лозим шуданд, гирдашон парвона мегарданд, нолозим шуданд, паноҳашон ба Худо!
Телевизионҳои давлатӣ қариб аз ҳаёти муҳоҷирон чизе намегӯянд. Дар ангуштшумор гузоришҳояшон ҳарфе аз мушкили онҳо зада намешавад. Боре надидаам, ки телевизиони давлатӣ мавзӯи аз дасти сартарошидаҳои рус кушта шудани ҳамватанонро баррасӣ карда бошад. Ё аз ҳолатҳои зиёди зери фишори кормандони ҳифзи ҳуқуқи он кишвар нигаронӣ шавад.
Расонаҳои Русия ҳеч як қазияи ба сари шаҳрвандонашон дар хориҷ омадаро сарфи назар намекунанд. Телевизионҳо бо ҷалби масъулини идораҳои давлатӣ ва коршиносону намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони оддӣ ба он мавзӯъ дахл мекунанд. Аз ҳукумат рафъи мушкилро дар зудтарин фурсат талаб мекунанд.
Дар Тоҷикистон ҳамеша талош мешавад, сари кафида зери тоқӣ пинҳон шавад. Муҳоҷирони тоҷик дар баробари ин ҳамчун василаи «ҷазо» истифода мешаванд. Агар дар сатҳи ҳукуматҳо кадом масъала ҳалли худро наёфт, пештар аз ҳама онҳо муҷозот мешаванд: гуруҳ гуруҳ боздошт ва депорташон мекунанд, лату куб мешаванд, озор мебинанд.
Борҳо гуфтаанд, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз беҳуқуқтарин одамон дар Русия ҳастанд. Аз сӯйи расонаҳо, мақомот ва шаҳрвандони оддӣ таҳқир мешаванд. Ҳоло намояндаҳои ҲХДТ мегӯянд, барои ошноӣ бо вазъи муҳоҷирон бо онҳо мулоқот хоҳанд кард. Бо эҳтимоли зиёд дар ин дидорҳо ваъдаҳои зиёд мегиранд. Ҳалли тамоми мушкилашон дода мешавад. Онҳоро заруртарин қишри ҷомеа муаррифӣ мекунанд.
Аммо бо гузашти чанд моҳ ва эълони натоиҷи интихобот маълум мешавад, ки боз бағалҳояшонро бо чормағзи пуч пур кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |