Тоҷирони зиёндидаи Корвон: “Боз ба назди Убайдуллоев меравем, агар...” (АКС)

Алишер ЗАРИФӢ
Кумитаи андози Тоҷикистон аз фурӯшандагони бозори “Корвон”, ки дар сӯхтори моҳи сентябри соли 2012 зиён дидаанд, талаб кардааст, то андози шашмоҳаашонро якбора бисупоранд.
Ин фурӯшандагон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфтанд, талаби Кумитаи андоз чанд рӯз аст, ки тавассути баландгӯяки бозор эълон карда мешавад. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи соҳибкорони зарардида, мақомот ба онҳо қаблан сабукиҳои андозию озодӣ аз бархе пардохтпулиҳоро ваъда дода буданд.
Як мусоҳибамон, ки худро Гулбаҳор муаррифӣ кард, гуфт, ҳамарӯза пули «чек»-ро месупоранд ва ба посбон низ сари ҳар моҳе 20 сомонӣ медиҳанд. Вай афзуд, агар эълонҳои пайдарпайи масъулини Кумитаи андоз давом ёбанд, тоҷирони бозор ба назди шаҳрдори Душанбе -- Маҳмадсаид Убайдуллоев хоҳанд рафт, ки дар рӯзҳои аввали сӯхтор ба зарардидагон сабукию пуштибониҳоро ваъда дода буд.
Як тоҷири дигар, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, дар баробари талаби андозҳо, ваъдаҳои дигаре, ки доир ба гирифтани қарз ва имтиёзҳо аз ҷониби бонкҳо дода буданд, пурра амалӣ нашудаанд: “Ба мо гуфта буданд, ки то 6 моҳ фоизи қарзи гирифтаатонро ҳисоб намекунанд, намесупоред, ҳоло фаҳмидем, ки фоизро ҳисоб карда истодаанд.”
Ин мусоҳибамон мегӯяд, ҳисоби фоизҳо дар ҳолест, ки баъд аз сӯхтори бозор масъулин эълон намуда буданд, ки аз ҷониби бонкҳо барои дастгирии соҳибкорони зарардида, муҳлати баргардонидани қарзҳо ба ҳисоби фоизҳои зиёдатӣ тамдид мешаванд.
Дар Кумитаи андози Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” сабаби чунин эълонҳо ва талаби андоз аз тоҷирони «Корвон»-ро дар надоштани ҳуҷҷати фаъолияти соҳибкорӣ ва нагузаштан аз қайди ин кумита арзёбӣ намуданд. Онҳо гуфтанд, дар бозори «Корвон» беш аз 10 ҳазор соҳибкор аст, ки тақрибан 3,5-4 ҳазораш дар қайди Кумитаи андоз мебошад: “Гуруҳи корӣ аз тоҷирон дар 14 дарвозаи бозори “Корвон” даъват карда истодааст, ки аз қайди Кумита гузаранду ҳуҷҷатгузории тиҷораташонро дуруст ба роҳ монанд.”
Дар Кумитаи андоз иброз намуданд, ки аз зарардидагони сӯхтори “Корвон” давоми чор моҳи охири соли гузашта маблағе наситондаанд. Масъулини ин кумита илова намуданд, ки баъд аз омӯзиши масъала дар лаҳзаҳои наздиктарин боз маълумоти пурратар пешниҳод хоҳанд кард.
5-уми сентябри соли гузашта бар асари сӯхтор дар қисмати яклухтфурӯшии бозори Корвон” ҳудуди 8 ҳазор метри мураббаи бозор ва 2 ҳазору 250 дӯкону нуқтаи савдо нобуд шуда буд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва чор каси дигар захм бардошта буданд. Пас аз як рӯзи оташсӯзии бозори “Корвон” сару садоҳои зиёд миёни мардум паҳн гардид ва савдогарони бозор барои додхоҳӣ ба кӯчаҳои Душанбе рехтанд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баъд аз 1 рӯзи сӯхтори бозор ба тоҷирон мулоқот намуда гуфта буд, ба Додситонии кулл, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар муасиссаҳо супориш додааст, ки ба фурӯшандаҳо ва соҳибкорони бозори "Корвон", ки молу колояшон сӯхтааст, қарзи дарозмудат дода шавад, то ин ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |