Раҳмон Амрикоро "шарики дерина ва боварбахш" гуфт
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як номаи табрикӣ ба раисиҷумҳури Амрико, Барак Ҳусейн Обама, тамоми мардуми ин кишварро ба ифтихори фаро расидани иди миллӣ – Рӯзи истиқлолияти Амрико табрик гуфтааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур 4-уми июл иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар номааш Амрикоро яке аз шарикони дерина ва боварбахш ё муътамади худ дар арсаи байналмилалӣ гуфтааст: “Ҷониби Тоҷикистон мусоидату дастгирии доимии иқтисодиву иҷтимоӣ ва гуманитарии кишвари Шуморо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтироми мутақобила ва дар чорчӯбаи барномаву лоиҳаҳои гуногун ҳамеша эҳсос намуда, кӯшишҳои пайвастаи онро ҷиҳати дарёфти роҳҳои нави ҳамшарикии дарозмӯҳлату созанда баланд арзёбӣ менамояд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Барак Обама сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми Амрико – саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |