Шумораи кормандони дар соҳаи сохтмонии пойтахт машғулбуда 9154 нафар коргарро ташкил намуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (9049 нафар) 105 нафар ё 1,2% зиёд мебошад.
Музди миёнаи меҳнат дар соҳа 1086,46 сомониро ташкил намуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 114,24 сомонӣ зиёд мебошад. Қарздорӣ аз музди меҳнат дар соҳа пурра аз байн бурда шуд.
Бино ба иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ корҳои сохтмонии иншоотҳои мактаби таҳсилоти умумӣ барои 660 ҷой дар маҳаллаи Камоли Хуҷандӣ, сохтмони корпуси иловагӣ барои 640 ҷой дар ҳудуди мактаби таҳсилоти умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансур, сохтмони корпуси иловагӣ барои 320 ҷой дар худуди мактаби таҳсилоти умумии № 66-и ноҳияи Сино, сохтмони фаввораи 4 дар боғи устод Рӯдакӣ , омода намудани саҳнаи намоиши наврӯзӣ дар муасиссаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» ва бартарафкунии бозори «Баракат» дар маҷмӯъ бо арзиши умумии 35,9 млн. сомонӣ, пурра ба анҷом расида, аз тарафи комиссияҳои корӣ қабул гардида, ба коммиссияи давлатӣ пешниҳод шудаанд.{jathumbnail off}
Мӯҳр