Муроҷиат ба Бунёди Оғохон барои рушди ҳавопаймоии Тоҷикистон
Дар пасманзари шикоятҳои зиёд аз бахши ҳавоии Тоҷикистон, Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз Хазинаи Оғохон хостааст барои рушди ин соҳа мусоидат кунанд.
Тавре аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, Низом Ҳакимов дар мулоқот бо Ёдгор Файзов, роҳбари Бунёди Оғохон (AKF) ва Акбаралӣ Песнанӣ, намояндаи доимии Оғохон дар Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки AKDN мувофиқи таҷриба ва шароиту имконоти байналмилалӣ доштааш дар такмили тахассуси кадрҳои соҳаи ҳавопаймои мулкии Тоҷикистон бо вазорат ҳамкорӣ намояд.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии ҳавонавардии байналмилалӣ ба Тоҷикистон то моҳи ноябри соли равон муҳлат додааст, ки бахши ҳавонавардияшро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунад. Созмонҳои байналмилалии ҳавонавардӣ гуфтаанд, агар санҷиш дар моҳи ноябр нишон диҳад, ки камбудҳои мавҷудаи бахши ҳавонавардӣ ислоҳ нашудаанд, ба ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон парвоз дар фазои Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои дигар мамнуъ хоҳад шуд.
Ахиран Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни ҷаласаи машваратии ин вазорат ҳушдор дод, ки агар камбудҳои бахши ҳавопаймоии кишвар ислоҳ нагарданд, ин соҳа ба рӯйхати сиёҳи байналмилалӣ ворид мегардад. Вазир зимни ҷаласа таъкид кардааст, қариб ҳар парвози дуюм дар кишвар бо таъхир сурат мегирад. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки ҳамагӣ 54 дарсади парвозҳо дар кишвар саривақт амалӣ мегарданду боқимонда дер мемонанд.
Фирӯз Эшонқулов, сардори раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, гуфтааст, аз 7 ширкати ҳавопаймоии дар ҷумҳурӣ сабти ном шуда, дар бозори кишвар танҳо 3 ширкат фаъолият намуда, ба таври комил аз иҷрои вазоифашон намебароянд. Эшонқулов афзудааст, ҳар кадоме аз 7 ширкати ҳавопаймоии кишвар стратегияи хусусии худашро дорад, ки бо ин усули яккатозӣ сохторро муттаҳид кардан амри маҳол аст.
Ӯ зарур хондааст, "кадрҳои худиро омӯзиш ва тарбият диҳем. Бояд хатсайрҳои маҳаллии парвози тайёраҳоро эҳё кунем. Агар тайёра дорем сарнишин-халабон надорем. Агар кадр дорем, техника надорем. Бо ин усул намешавад соҳаро обод нигаҳ дошт."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |