Сухангӯи президент: “Аксҳои хонаводагии Э.Раҳмон ҳатто дар бойгонии мо набуд”
Абдулфаттоҳ Шарифзода, котиби дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аксҳои хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон, ки ахиран дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, ҳатто дар бойгонии онҳо вуҷуд надорад.
Оқои Шарифзода рӯзи 3-юми июл ба “Озодагон” гуфт, “аксҳое, ки имрӯз дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ дидам, аз бойгонии Хадамоти матбуоти президент нестанд. Онҳоро дар доираи чорабинии оилавӣ аксбардорӣ намудаанд ва дар он аксбардорони расмии президент ширкат надоштанд. Ин аксҳо ҳатто дар бойгонии мо вуҷуд надоранд.”
Абдулфаттоҳ Шарифзода дар идомаи суҳбаташ гуфт, аммо аксҳои расмии Эмомалӣ Раҳмон дастраси ҳамагон аст ва истифода аз онҳо низ мушкиле надорад. Ба қавли ӯ, “солҳои охир вақте мо китобу албомҳоро дар бораи фаъолияти президент ба чоп расонидем, нусхаҳои электронии онро барои дастрасӣ ба мардум дар сайти президент ҷой додем. Шояд баъзе аксҳоро аз он ҷой гиранд.”
Дар як соли охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ акс ва наворҳои хонаводагии раисиҷумҳури Тоҷикистон пайдо ва дастраси корбарони интернет шудаанд. Аз ҷумла, аксҳое аз ҷашни зодрӯзи ҳамсари президент ва видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур, ки бо вокунишҳои мухталифе рӯбарӯ омад.Дар акс: Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |