Аз вакилони Қирғизистон хостанд, мошинҳоро бо дучарха иваз кунанд
Расонаҳои Қирғизистон иттилоъ медиҳанд, ки Омурбек Абдураҳмонов, намояндаи мардумии қирғиз аз ҳамтоёни худ хостааст, ба кор тавассути дучарха оянд. Абдураҳмонов мегӯяд, “ҳоло қариб тамоми вакилони парлумони Қирғизистон мошини хидматӣ доранд. Инқадар хароҷоти зиёд ба кӣ лозим? Бовуҷуди ин, ин ҳама зидди қавонини демократия мебошад, ҳоло тамоми мансабдорони кишварҳои аврупоӣ аз тамоми имтиёзҳо даст кашидаанд.”
Ба гуфтаи ин намояндаи мардумии қирғиз дар аксари мошинҳои хидматии вакилон на худи онҳо, балки ҳамсаронашон дида мешаванд: “Ҳар бегоҳ таваққуфгоҳҳои назди қаҳвахонаҳо пур аз мошинҳои дорои рақами хидматӣ (барои вакилон) мешавад. Вале дар дохили онҳо ба ҷои худи вакилон занҳои эшон саворанд.”
Ин дар ҳолест, ки Турсунбой Бакир Уулу, вакили дигар парлумони Қирғизистон, то ҷое дар мавриди гирифтани мошинҳои хидматӣ аз вакилон мувофиқ аст. Вале ин кор бояд танҳо дар ҳаққи намояндагони мардумии бекорхуҷа раво дида шавад.
Зеро ба гуфтаи ӯ, мошинҳои хидматӣ барои намояндагони фаъоли мардумии қирғиз, ки бо фаъолиятҳои қонунгузорӣ машғул аст, мисли обу ҳаво зарур мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |