Тоҷикистон ҳам шаҳрвандони Русияро депорт мекунад
Дар пасманзари афзоиши ихроҷи тоҷикон аз Русия, мақомоти тоҷик низ аз депорти шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла атбои Русия аз қаламрави Тоҷикистон хабар дод.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ доданд, дар 5 моҳи аввали соли равон беш аз 390 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 35 шаҳрванди Русия, 48 шаҳрванди Афғонистон, аз Туркия 100 шаҳрванд, Эрон 11, Узбекистон 53, Покистон 26, Қирғизистон 33 нафар ва аз ҳама зиёд 135 шаҳрванди Чин аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, шаҳрвандони хориҷаро дар асоси протоколи хуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз кишвар берун кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ихроҷи шаҳрвандони хориҷа аз Тоҷикистон нисбати 5 моҳаи соли гузашта афзоиш ёфтааст. Тайи 5 моҳи соли гузашта Тоҷикистон 217 шаҳрванди хориҷиро берун намуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |