Духтаре аз Бадахшон дар садри озмуни “Russian Beauty 2013”
Тоҷикдухтаре аз миёни сад иштирокдори озмуни зебоии “Russian Beauty 2013” бо дарёфти 35 дарсади овозҳо дар ҷои аввал қарор дорад. Ин духтари тоҷик Нисо Муборакшоева буда, зодгоҳаш шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон гуфта мешавад.
Дар озмуни зебоии “Russian Beauty 2013” духтарон бо қаду баст ва ранги мӯйи гуногун номнавис шудаанд. Дар оғоз барои ширкат дар ин озмун бештар аз ҳазор нафар довталабӣ карда, вале ҳамагӣ 100 нафар ба он роҳ ёфтаанд.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба Нисо овоз диҳанд, метавонанд тариқи шабакаҳои интернет, Вконтакте, Facebook, YouTube, Twitter таҳти рақами 98 овоз диҳанд. Иштирокчие, ки дар озмуни мазкур тариқи ин шабакаҳо бештар овоз гирад, ба даври дигари озмун гузаронда мешавад.
Натиҷаи озмун дар маҷаллаи “REFASHION” чоп хоҳад шуд. Доираи иштирокчиён баъд аз ҳар як марҳила кам шуда, то даври ниҳоии озмун, ки тирамоҳи соли ҷорӣ хоҳад гузашт, 10-15 нафар боқӣ хоҳанд монд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |