Зодрӯзи раиси Бонки Миллӣ аз амри президент болотар аст?
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА
Вақте рӯзноманигор барои маълумоте назди мансабдоре меравад, онҳо ишора мекунанд, то рӯзи қабули шаҳрвандон барои сӯҳбат наздашон биояд. Ҳарчанд қонун барои гирифтани иттилоъ ба рӯзноманигорон рӯзи алоҳидаеро пешбинӣ накардааст, аммо мо ин навбат хостем, маҳз дар рӯзи шанбе барои гирифтани иттилоъ ба ҶСК «Агроинвестбонк» равем, то чунин баҳонае барои масъулинаш пеш наояд, ки «рӯзи қабул биёед».
Ҳамчунин мақсад доштем, раванди қабул дар яке аз бонкҳои бузурги кишварро низ ба риштаи тасвир бикашем, ки аслан дар рӯзи қабул кӣ он ҷо меояд ва аслан бо кадом шикояту пешниҳод. Барои ҳама маълум аст, ки ду соли пеш президенти кишвар қароре баровард, то ҳама масъулин дар рӯзи шанбе арзу доди шаҳрвандонро бишнаванд, аммо бароямон маълум шуд, ки ин қарори Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҶСК «Агроинвестбонк» тамоман дахл надоштааст.
Кормандони «Агроинвестбонк» соатҳои қабули раисро аз 10 то 12-и субҳи ҳар шанбе гуфанд ва мо ҳам соати 11:00 пеши бинои ин бонк ҳозир шудем. Посбонони даромадгоҳи «Агроинвестбонк» изҳор доштанд, ки 22-юми июн раиси калон маросими хурсандие дорад ва бинобар ин, Алишер Солеҳов, сардори ҶСК «Агроинвестбонк» бинобар иштирок дар маросим наметавонад, касеро қабул кунад. Бо сухани посбон, ки «раис нестай, раиси калон маърака дорад, хамуҷа да хизматай» мисли мо дигар корафтодагон низ норозиёна бинои «Агроинвестбонк»-ро тарк мекарданд.
Баъдан маълум шуд, ки раиси калон ин Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон будааст, ки он рӯз 60-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекардааст. Ҳангоми сӯҳбат посбонон ҳамчунин тасдиқ карданд, ки дар ин рӯз корафтодагон воқеан зиёд буданд, вале онҳоро бинобар ҳузур надоштани раис ҷавоб додаанд.
Муҳаммад, як сокини Душанбе, мегӯяд, аз соати 8-и саҳар барои қабул назди «Агроинвестбонк» омадааст, то мушкилашро барои гирифтани қарз бо фоизи пасттар ҳал кунад, зеро пештар кормандони бонк ба ӯ гуфта буданд, ки масъалаи поин кардани фоизро танҳо раис ҳал мекунад. «Ин бори дуюм аст, ки меоям, вале наметавонам ба назди раис дароям. Ҳозир ҳамин ҷо чанд нафар гуфтанд, ки раис дар Варзоб аст ва рафтанд. Дар офтоби гарм аз гармӣ сӯхтам, ростӣ. Аз интизории ман ин ҷо ягон фоидае нест. Дигар аз баҳри ҳамин фоизи паст гузаштам ва аз ягон бонки дигар рафта қарз мегирам»,-изҳор дошт ӯ.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз чанд муштарии «Агроинвестбонк», ки барои гирифтани пулҳои ирсолнамудаи наздиконашон омада буданд, шикоят намуданд, ки дар хеч бонки Тоҷикистон мисли «Агроинвестбонк» барои гирифтани пул дурудароз дар навбат намеистанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар тамоми кӯчаю хиёбонҳои ҷумҳурӣ овезаҳои бузурги «Агроинвестбонк» - бонки масъулиятшинос аст» овехта шудаанд. Ин ҷо эҳсос кардем, ки масъулини он дар қабули шаҳрвандон масъулияте надоранд. Фикр кардам, агар масъулият медоштанд, ҳадди ақал пушти дар навиштаҷот ё эълоне мегузоштанд, ки наметавонанд, шаҳрвандонро бинобар пеш омадани мушкиле қабул кунанд. Агар раис вақт надорад, метавонист, муовинони худро барои қабул кардани шаҳрвандон масъул кунад. Аз муовинони раис низ дар ин рӯз дараке набуд. Ин хостаи мо нест, балки ин фармони президенти кишвар аст, ки фикр мекунам, ба масъулини «Агроинвестбонк» низ дахл дорад.
Пешниҳоди президент барои рӯзи қабул замоне рӯи кор омад, ки муроҷиати шаҳрвандон ба президент тариқи матбуот аз ҳад зиёд шуд. Чунин далелҳо кам нестанд, ки мансабдорон фармони президентро иҷро намекунанд ва бори масъулияти кори худро ба болои президент ҳавола мекунанд, ки намунааш муроҷиати шаҳрвандон тариқи саҳифаҳои матбуот аст.
Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки хурсандии Ширинов барои Солеҳов аз фармони президенти кишвар болотар меистад?
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |