Тоҷик ё узбак? Баҳси гарм дар пайи “чак-чак”-и кӯдаки 4-сола
Дар интернет наворе ба сайр даромадааст, ки таронасароии як тифлро ба намоиш мегузорад. Дар шарҳи ин видео гуфта мешавад, тифл чор сол дошта ва аз хонаводаи узбак мебошад.
Ин кӯдак таронаи маъруфи «Чак-чаки борон»-и Далер Назаров, номовартарин хонандаи тоҷикро иҷро мекунад. Бештари шарҳнависон дар шабакаи Ютуб ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳунари ин хонандаи кӯчак баҳои баланд додаанд. Аммо нафароне ҳам ба ҳақиқӣ будани ин видео шубҳа доранд. Барои мисол як нафар дар Ютуб навишта, ки «ҳанӯз даҳонашро боз накарда, садо баланд шуд. Намедонам чӣ фикр кунам. Аммо ба ҳар сурат хондани хеле олӣ!»
Аммо бештари назарнависон дар бораи тоҷик ва ё узбак будани ин кӯдаки чаҳорсола баҳс кардаанд. Иддае аз онҳо навиштаанд, танҳо тоҷик метавонад бо чунин шеваи ноб таронаи тоҷикиро бисарояд. Вале сафи онҳое, ки бовар доранд, ин кӯдак узбак аст, кам нестанд.
Ин видео ду рӯз қабл, 27-уми июн, дар Ютуб гузошта шуда ва то лаҳзаи навиштани ин хабар онро 8 320 бор дидаанд.
«Чак-чаки борон» аз маъруфтарин таронаҳои Далер Назаров мебошад. Ин таронаро Юлдуз Усмонова, овозхони шинохтаи Узбакистон низ зиёд дӯст медорад ва дар яке аз ҳунарнамоиҳояш дар Душанбе ҳамроҳ бо Далер Назаров онро иҷро карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |