Унвони "беҳтарин маркази ақлонӣ" насиби Узбакистон шуд
Маркази тадқиқоти иқтисодии Узбакистон беҳтарин маркази ақлонӣ дар Осиёи Марказӣ шинохта шудааст.
Чанде қабл дар Ҷопон ҳамоише ба хотири баҳсу табодули таҷриба дар заминаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла нақши таҳлилу тадқиқоти марказҳои ақлонӣ дар ҳалли мушкилоти соҳаҳои мазкур баргузор шуд. Бино ба иттилои расонаҳо, маркази тадқиқоти иқтисодии Узбакистон, ки дар ин иҷлос Тошкандро намояндагӣ мекард, унвони беҳтарин маркази ақлонии Осиёи марказиро ба худ ихтисос дод.
Дар ин ҳамоиш беш аз 40 марокиз ва созмонҳои тадқиқоти пешрафтаи Осиё ширкат кардааст.
Маркази тадқиқоти иқтисодии Узбакистон дар охири солҳои 90-уми асри гузашта бо ташаббуси ҳукумати ин кишвар дар якҷоягӣ бо барномаҳои рушди Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфтааст. Ҳоло вазифаи аслии ин марказ ироаи пешниҳоду тавсияҳои дақиқ барои раҳбарияти Узбакистон ба хотири гирифтани иқдомоти муассир дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳсуб меёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |