Раҳматулло Зоиров: “Ҳафтод пуштам тоҷиканд, на узбак!”
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва мудаии курсии президентӣ, дар ҷавоб ба изҳороти бархе аз корбарони шабакаи Фейсбук, ки ӯро узбак номидаанд, шаҷараашро нашр кардааст, ки ба Хоҷа Аҳрори Валӣ рабт дода мешавад.
Зоиров мақсад аз нашри шаҷараи гузаштагонашро хотима бахшидан ба гуфтугузорҳо дар бораи аҷдодаш унвон карда, илова намудааст, ки “авлодамон шаҷараашонро аз асри 4-и мелодӣ оғоз кардаанд, ки ин ҳудуди 68-70 пуштро дар бар мегирад. Аммо ман танҳо 25 насламонро меорам, ки аз Шайх Умари Боғистонӣ оғоз мешавад ва дар асри 13 таваллуд шудааст. Писараш Шайх ан-Таҳур аст, ки ба номаш дар Тошканд яке аз кӯчаҳо гузошта шудааст. Яке аз писарони Шайх ан-Таҳур Ҳазрати Довуди машҳур ва духтараш, модари Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрор (1404 – 1490) будааст. Падари Хоҷа Аҳрор -- Саид Убайдуллоҳ, зодаи Хоразм буд, ки шаҷараи худро ба авлоди пайғамбар рабт медод.”
Дар идома Зоиров меафзояд, даъвои хешӣ бо паёмбарро надорад ва марбут ба авлоди Хоҷа Аҳрори Валӣ аст: “Хоҷа Аҳрори Валӣ ду фарзанд дошт, ки шаҷараи авлодам аз писари калонияш, Хоҷа Калон оғоз мешавад.”
Раиси ҲСДТ мегӯяд, хулоса решаи аҷдодаш аз Ҳафтрӯд, Зарафшон, Бухоро, Самарқанд, Истаравшан, Хуҷанд, Ашт, Шуғнон, Рашт ва ғайра сар мезананд.
Раиси ҲСДТ меафзояд, худаш чун бобояш Хоҷа Аҳрори Валӣ дар деҳаи Боғистон таваллуд шудааст, ки бошандагони он то имрӯз сад дарсад тоҷиконанд: “Ҳамин тариқ, 70 пушти ман тоҷиканд!”
Раҳматулло Зоиров дар сурати шубҳа аз таърихшиносону муҳаққиқон даъват кардааст, ки дар мавриди шаҷарааш ибрози назар кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |