“Канорагирии Амири Қатар зери фишори Амрико буд”
Манобеъи огоҳ гуфтаанд, ки канорагирии Амири Қатар аз қудрат ба нафъи фарзандаш зери фишори Амрико сурат гирифт.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", шабакаи Русия Ал -явм ба нақл аз манобеи огоҳ эълон кард, иллати ин ки Шайх Ҳамад Бин Халифа Оли Сонӣ Амири Қатар, қудратро ба фарзандаш Тамим вогузор кард, бар хилофи иддаои бисёре, ки вазъияти ҷисмонӣ ва саломатии Амири Қатар набуд, балки фишоре буд, ки Амрико ба Амири Қатар ворид кард.
Ба пояи ин гузориш, ҳақиқат ин аст, ки Вашингтон ба дассисаҳои сиррии марбут ба ҳимоят аз афроди ҷиҳодӣ дар Сурия ва амалиёти молии ғайриқонунӣ, ки Қатар ба он мутавассил шуд, пай бурдааст.
Бар асоси иттилооти ғайрирасмӣ, Кохи Сафед, ки нуфузи зиёде дар Қатар дорад, Амири ин кишварро водор ба канорагирӣ аз қудрат ва таҳвили он ба фарзандаш кард, фарде, ки Вашингтон вайро интихоб кард.
Ин манобеъ пешбинӣ карданд, ки писарамуи амири Қатар Шайх Ҳамад Бин Ҷосмӣ Оли Сонӣ нахуствазир ва вазири умури хориҷаи ин кишвар ва молики фурудгоҳи муҷаллали Ҳорвердз дар Лондон истеъфо кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |