Ҳиҷоб: Либоси исломӣ, ё худнамоӣ?
Галина ЮНУСОВА
Чанд рӯз мешавад, ки баҳс дар бораи як матлаби Лола Насриддинова -- “Дар бораи латтапорае, ки нерӯ дорад” дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷараён дорад. Суоли аслии ин баҳс якест – “зани мусулмон бояд бар сараш рӯймол бибандад, ё не?”
Ҳарчанд Тоҷикистон бар асоси Қонуни асосияш кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст, аммо дар асл чунин набудаву нест. Дар Тоҷикистон қонунҳои нонавиштае амал мекунанд, ки ҳатто аз Қонуни асосӣ ҳам ҷиддитар риоя мешаванд.
Барои мисол, дар банди чоруми “Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон” хуб навишта шудааст, ки ҳеч кас ҳақ надорад, ба виҷдону дини шахс дахолат кунад. Дар он ҷо боз таъкид шудааст, ки ҳеч нафаре ӯҳдадаор нест, дар бораи дину арзишҳои мазҳабии худ ба касе ҳисобот диҳад. Яъне, ҳар нафаре, ки ба дину арзишҳои диниии нафари дигар фишор меорад, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳад шуд.
Роҳбарияти дилхоҳ донишгоҳи Тоҷикистон метавонад донишҷӯйдухтарро барои бастани сатр ва ё пӯшидани ҳиҷоб аз донишгоҳ хориҷ кунад. Магар роҳбарияти донишгоҳ чунин ҳақро дорад? Агар дорад, онро аз куҷо пайдо карда ва он дар куҷо зикр шудааст?
Ҳар кас мувовиқи бардошти виҷдонаш, мувофиқи ақли худаш ва арзишҳои динии худаш бояд либос бипӯшад. Нафаре рӯймол, нафари дигаре сари урёнро меписандад. Аммо ин масъала масъалаи печидаву ҷиддист. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки пӯшидани ҳиҷоб барои худнамоӣ аст, на бештар аз он. Бо ин фикр ҳам метавон то ҷое розӣ шуд. Чун имрӯз бисёре аз сатрпӯшҳоро мебинем, ки дар дараи Варзоб роҳат нимурён мегарданд. Аммо нафароне ҳастанд, ки содиқона ва самимона бо арзишҳои динии худ муносибат мекунанд.
Аз ин рӯ бармеояд, ки ҷомеа якранг нест. Барои пӯшидани либос, тарзу рангу дарозии он мо набояд саргардон шавем. Такрор шавад ҳам мегӯям, либоспӯшӣ кори шахсии ҳар як шаҳрванди кишвари мост. Ҳар либосеро, ки шахс қабул дорад, онро бояд бипӯшад. Ҳиҷоб буд, ҳаст ва хоҳад монд, чунки он аз талаботи дини Ислом аст.
(Мухтасар аз забони русӣ ба тоҷикӣ баргардон шудааст)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |