Сатр монеи вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон шуд
Як бонуи сатрпӯши тоҷикро аз феҳрасти пешвозгирандаҳои президент дар мулоқот бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки фардо, 27-уми июн, дар Душанбе баргузор мешавад, берун кардаанд.
Шукрона Мирзоева рӯзи 26-уми июн ба “Озодагон” гуфт, хонуме бо номи Азиза аз шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ба ӯ занг зада гуфтааст, ӯро ҳамроҳ бо нуҳ тан аз иштирокчиёни дигари озмуни маҷаллаи «VIP zone» барои пешвозгирӣ аз раисиҷумҳур даъват мекунанд: «Гуфтанд, ки соати 16:00 ба шӯъбаи фарҳанг биё, чиптаатро медиҳем. Дубора пурсид, ки ту кадом иштирокчӣ будӣ? Гуфтам, ҳамон сатрпӯш. Гуфт, ин тавр бошад, набиё».
Шукрона Мирзоева, духтари ҳиҷобпӯшест, ки дар озмуни «Симои маҷалла»-и «VIP zone», аввалин маҷаллаи барроқи (глянтсевий)-и Тоҷикистон, ба даври финалӣ роҳ ёфт. Шукрона новобаста аз талаботи озмун тарзи либоспӯшии худро иваз накард. Ӯ донишҷӯи риштаи рӯзноманигорӣ буда, гуфта буд, «ин чорабинӣ ба ман имкон медиҳад, то нишон диҳам, ки ҳиҷоб монеи пешрафти ман шуда наметавонад».
Гуфта мешавад, мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, фардо, 27-уми июн ба муносибати таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |