Ҳукуматдорони Тоҷикистон дар феҳрасти ноқобилон
Ҳукуматдорони Тоҷикистон аз рӯи ноқобилӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, баъди Узбакистону Қирғизистон дар зинаи сеюм меистанд.
Дар гузориши нави “Failed States Index-2013” оиди ноқобилии кишварҳои ҷаҳон, Тоҷикистон ҷои 51-ум гирифтааст. Таҳиягарони гузориш, ки ду пажуҳишгоҳи машҳури сиёсатшиносии Амрико, Бунёди амрикоии сулҳ ва маҷаллаи машҳури Foreign Policy мебошанд, асосан ба қобилияти ҳукуматдорон барои таъмини амният, идораи вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишварҳояшон баҳо додаанд.
Узбакистон ҷои 44-ум гирифта ноқобилтарин кишвари минтақаи Осиёи Миёна арзёбӣ шудааст. Қобилтаринаш Қазоқистон будааст, ки дар зинаи 109-ум ҷойгир шудааст.
Ба сегонаи ноқобилтарин кишварҳои ҷаҳон Сомалӣ, Конго, Судон ва ба сегонаи қобилтарин Норвегия, Шветсия ва Финландия ворид гардидаанд.
Таҳиягарони гузориш менависанд, бо вуҷуди коҳиши даргириҳои байнидавлатӣ тайи солҳои охир номуътадилии сиёсӣ майли густариш дорад ва дар бахше аз кишварҳо институтҳои ҳокимият аз асли худ дур рафтаанд. Ба иттилои муаллифони “Failed States Index-2013” айни ҳол ҳудуди ду миллиард нафар дар кишварҳои номуътадил, ки дар остонаи буҳрони иқтисодӣ ё сиёсӣ қарор доранд, зиндагӣ мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |