Нишасти изтирории ҳавопаймои “Сомон Эйр” дар Душанбе
Ҳавопаймои Boeing 737-900–и ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 26-уми июн, ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Душанбе, ба мушкилоти техникӣ дучор гардида, маҷбур шудааст, баъди ду соати парвоз дар ҳудуди пойтахт ва сӯзондани маводи сӯхт дубора ба фурудгоҳи пойтахт баргардад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Маҳмадюсуф Шодиев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дода, афзуд, чархи ин ҳавопаймо, ки ба самти Маскав парвоз мекард, маҳкам нашуда ва он бозпас дар Душанбе фуруд омадааст.
Шодиев таъкид кард, ки зимни ин ҳодиса аз миёни 183 мусофир, аз ҷумла чор кӯдак, касе зарар надидааст. Ширкати “Сомон Эйр” яке аз ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон буда, ғолибан ҳавопаймоҳои муосири навъи Боинг дар ихтиёр дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |