"Замондош": Ихроҷи як хонаводаи узбакистонӣ аз Тоҷикистон
Мақомоти тоҷик хонаводаи Нурхуҷа Нурхуҷаев, шаҳрванди Узбакистонро ба таври иҷборӣ аз қаламрави Тоҷикистон берун кардаанд.
Тавре торнамои “Замондош” иттилоъ медиҳад, бар асоси қарори додгоҳ, хонаводаи Нурхуҷаевҳо ба хотири “ғайриқонунӣ” ҳузур доштан дар қаламрави Тоҷикистон, рӯзи 6 июни соли ҷорӣ аз кишвар берун ва ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи торнамои мазкур, Нурхуҷа Нурхуҷаев, ки шаҳрванди Узбакистон мебошад, чанде қабл барои аёдат ва нигоҳубини модари бемораш, сокини вилояти Суғд, ба таври қонунӣ вориди Тоҷикистон гардида, то 10-уми сентябри соли ҷорӣ ҳаққи ҳузур дар ин кишварро доштааст.
Ба гуфтаи пайвандон Нурхуҷаев, пас аз чанд рӯзи омадани ӯ ба Тоҷикистон кормандони Амнияти миллии ин кишвар ба хонаи онҳо ҳозир шуда, гуфтаанд, Нурхуҷа Нурхуҷаев дар қаламрави Тоҷикистон ба таври ғайриқонунӣ ба сар мебарад. Аз ин рӯ, бояд ба шуъбаи кумитаи амнияти вилояти Суғд ҳозир шавад.
Ин торнамо менависад, ки кормандони амнияти миллии Тоҷикистон дар посух ба шикояти пайвандони Нурхуҷаев, гуфтаанд: “Барои чӣ тоҷиктаборони муқимии Узбакистон аз фишори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи узбак азият мекашанд ва узбакҳо бошад дар Тоҷикистон роҳат ба сар мебаранд.”
Ҳамин тариқ хонаводаи Нурхуҷаев ба додгоҳ даъват шуда, пас аз мурофиаи начандон тулонӣ, ин шаҳрвандони Узбакистон маҳкум ба ихроҷ ва ба маблағи 400 сомонӣ ҷарима шудаанд.
Манбаъ мегӯяд, ҳарчанд Нурхуҷаев бо гирифтани вакили дифоъ талош кардааст, додгоҳ дар мавриди ҳукми худ таҷдиди назар кунад, вале кӯшишҳояш бенатиҷа анҷом ёфтаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |