Бахшҳо

Абдуқаюми Қаюмзод: “Ҳама диданд, ки ҳақ бо ман буд”

Гуфтугӯ бо Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори шинохтаи тоҷик, дар бораи баҳси додгоҳияш бо Радиои Озодӣ ва интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, ки қарор аст, моҳи ноябр баргузор гардад.

Озодагон: Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Шуморо алайҳи Радиои Озодӣ рад кард. Қадами баъдӣ чист, оё додхоҳиро идома хоҳед дод, ё на?

Қаюмзод: Рӯзи 24-уми июн ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро гирифтем. Ҳоло вакилони дифои ман муҳтавои онро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Мо аз ҳукми додгоҳи розӣ нестем. Чун фикр мекунем, ҳалномаи додгоҳ ноодилона содир шудааст. Тасмими мо ва вакилони дифоамон ин аст, ки ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят бубарем.

Озодагон: Бубинед, додгоҳи Исмоили Сомонӣ аввал даъвои Шуморо алайҳи Озодӣ рад кард, аммо ҳамзамон гуфт, дар фаъолиятҳои ин радио камбудҳо ҳаст, ки бояд Вазорати умури хориҷӣ тафтиш кунад. Фикр мекунед, иллати духӯрагии қарори додгоҳ дар чист?

Қаюмзод: Дуруст фармудед. Бо ҳалномаи худ додгоҳ тамоми ваҷҳҳои моро рад кардааст. Додгоҳ аз ҳамон аввал то ба охир тарафи ҷавобгарро гирифт, чун дар ин қазия пойи вазорати умури хориҷӣ дар миён буд. Аммо, дар ҳар сурат, додгоҳ иқрор кард, ки дар кори “Озодӣ” вобаста ба қазияи ман қонунҳои Тоҷикистон вайрон шудааст. Додгоҳ бар асоси сӯҳбатҳои тарафи “Озодӣ” мӯҳлати қатъи аккредитасияи маро аз моҳи май(?) ҳисобида ва “Озодӣ”-ро мазнун донистааст, ки то моҳи декабр маро ғайриқонунӣ(?) нигоҳ доштааст. Бубинед, худи ҳамин “далел”-ро дар ҳалнома нисбати ман овардааст, ки гӯиё медонистаам, мӯҳлати аккредитасияам ба анҷом расида, аммо боз ҳам ба фаъолияти худ идома додаам. Аммо намояндаи ваколатдори вазорати умури хориҷӣ дар ҷаласаи додгоҳ мӯҳлати анҷоми аккредитасияи маро 31-уми октябр эълон кард. Додгоҳ дар ин маврид ҷои онки ба ҳарфи вазорати умури хориҷӣ эътибор диҳад (чун ниҳоди масъули давлат дар амри додан ва ё надодани акредитасия аст) ҳарфи намояндаи “Озодӣ”-ро асос қарор дод, ки боиси тааҷҷуб ва ҳайронӣ аст. Яъне, талоши додгоҳ барои он равона шуда буд, ки даъвои маро қонеъ насозад.

Озодагон: Шумо, воқеан, аз анҷоми муҳлати аккредитатсияи худ хабардор набудед? Ё барқасдона гузориш медодед?

Қаюмзод: Вақте намояндаи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар додгоҳ гуфт, ки мо Хуршед Андамовро огоҳ карда будем ва ҳатто 5-уми ноябр барои бори охир таъкид намудем, ки Қаюмзод минбаъд гузориш надиҳад, ман дар ҳайрат афтодам. Зеро ин ҳарфҳоро бори аввал мешунидам ва касе маро аз ин сӯҳбатҳо огоҳ накарда буд. Маро моҳи декабр (2012) аз навиштан манъ карда ва гуфтанд, ки дигар гузориш надеҳ, ман дигар чизе нанавиштам. Аммо воқеан ҷои ҳайрат дорад, ки чаро на мудири бахш ва на роҳбари бахш он вақт ин огоҳии вазорати хориҷиро иҷро накарданд? Албатта, ҳоло маълум мешавад, ки ин кор тасодуфӣ набудааст. Нақшае буд, то инки вазорати умури хориҷӣ дастак ва далел дошта бошад, ки дар додгоҳ истифода кунад. Нашри матолибу гузориши радио бидуни ризоияти нафарони масъул, аз ҷумла Соҷидаи Мирзо (раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ) имконпазир нест, бахусус гузоришҳои маро худи ин хонум медид. Додгоҳ ҳарчанд ин тарафи масъаларо дақиқ фаҳмид, аммо маро муқассир донист, ки бо вуҷуди анҷоми муҳлати аккредитасия ба навиштан идома додаам. Хуллас, мо бо як саҳнаи аҷибе рӯбарӯ шудем, ки саҳнаороён хеле талош мекарданд, аз об хушк бароянд, вале ҳақиқат пинҳон намемонад.

Озодагон: Шумо ва вакили мудофеатон хоста будед, ки Соҷидаи Мирзо дар додгоҳ ҳозир шавад. Додгоҳ ин дархостро қабул накард. Вале агар дар ҳамин шабу рӯз бо хонум Соҷида рӯбарӯ оед, чӣ мегуфтед?

Қаюмзод: Бубинед, додгоҳ аз посухҳои намояндаи дафтари “Озодӣ” дар Душанбе қонеъ нашудани тарафи дигар ва ҳатто худашро шоҳид шуд, аммо дархости ширкати Соҷидаро рад намуд. Ин аз чӣ далолат медиҳад? Ё инки додгоҳ аз намояндаи вазорати умури хориҷӣ мепурсад, ки надодани аккредитасия ба Қаюмзод ба сиёсат рабте надорад? Албатта, додгоҳ ҳақ дорад, ки ин ва дигар суолҳоро бипурсад. Вале чаро маҳз иртиботи қазия ба сиёсатро пурсид? Чун ҳамин тавр фаҳмонида шуда буд - сиёсӣ. Хуб, бо Соҷида рӯбарӯ шавам, ҳарфҳои гуфтанӣ дорам. Табрик мекунам, ки дар додгоҳ пирӯзаш карданд. Дар ҳар сурат, хидмат кард ва хидмат хоҳад кард. Дигар хаёлаш роҳат аст, чун “роҳбарҳо” розианд. Хонум корҳоро хеле хуб пеш мебарад.

Озодагон: Гуфтед, ки додрас аз намояндаи вазорати умури хориҷа иртиботи қазияи Шумо бо сиёсатро пурсидааст. Иллати ин пурсиш чӣ буда ва фикр мекунед чаро ҳамчунин суол пурсида шудааст?

Қаюмзод: Бале, чуноне пештар ҳам гуфтам додрас ҳамчунин суолро аз намояндаи вазорати умури хориҷӣ пурсид, ки як каме ғайримунтазира буд. Аммо инки ин баҳс аз ибтидо баҳси ҳуқуқӣ набудро наметавон инкор кард. Зеро корти эътибории маро идораи сиёсати хориҷӣ, яъне вазорати хориҷӣ тамдид накард. Хуб, инҷо хеле ҳарфҳое ҳаст, ки қисмеашонро пештар зикр кардем ва қисме дигарашро шояд ба вақти дигар бугзорем. Аммо як нуктаро мехоҳам зикр намоям, ки додгоҳ то инки ҳукми худро содир кунад, яъне дар ҳамон марҳалаи омӯзиши аризаи даъво огоҳ шуда буд ва медонист, ки инҷо танҳо баҳс миёни корфармову корманд нест ва вазорати хориҷӣ аст, ки намехоҳад ман дар ин идора минбаъд кор кунам. Ва вақте моҳи январи соли ҷорӣ Соҷидаи Мирзо дар Душанбе бо Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ беш аз якуним соат дидор дошт, манзараро комилан рӯшан карда буданд. Яъне бояд, ки ман аз ин корхона биравам. Ва маро на ҳамчун нафаре, ки корро наметавонад ва ё чизе дигар, ҳамчун хабарнигоре, ки ба афрод ва аҳзоби алоҳида таваҷҷӯҳи хос дорад(?), аз кор ронданӣ буданд. Табиист, ки ин ҳарфҳоро ҳеҷ гоҳ бар забон намеоварданд ва гуфта ҳам наметавонистанд. Аммо пушти парда ба ҳамин хулоса расида буданд, ки беҳтарин роҳ аз кор берун кардан аст. Ҳамин буд, ки ҳатто Соҷида дар он арзёбиҳои булаҷаби семоҳааш, ки аз моҳи январи соли 2012 шурӯъ кард, ба ман чунин камбудӣ гузошт, ки бештари манобеи хабарии ман мухолифин ва руҳониён ҳастанд ва дастрасӣ ба идороти давлатӣ надорам. Бо ин ҳол, як нуктаи дигарро ишорат намоям, ки ҳеҷ як аз роҳбарони пешини бахши тоҷикӣ натавониста буданд, ки бо вазири хориҷӣ ҳатто дидор дошта бошанд, аммо хонум Соҷида ҳамчунин мушкилӣ надорад. Ва ҳар вақте, ки хост, аз ҳамчунин мулоқот бархӯрдор мешавад. Хуллас, мутаассифона, муқобили як хабарнигори оддӣ ончунон ҷабҳагирӣ карданд, ки ҳам шарм ва ҳам нафрати кас меояд.

Озодагон: Баъзеҳо мепурсанд, иллати ин қадар пофишории Шумо барои барқарор шудан дар Радиои Озодӣ чист? Маош ва ё мехоҳед ҳақиқат пирӯз ояд?

Қаюмзод: Шаш моҳ мешавад, ки дар “Озодӣ” фаъолият намекунам ва чуноне мебинед, зиндагиам идома дорад. Яъне, манзур фақат маош набуд. Ман барои он даъво кардам, ки дар воқеъ нисбати ман рафтори бисёр номуносиб карданд. Вақте вазорати хориҷӣ дар додани аккредитасия таъхир кард ва дар ниҳоят тамдид накард, хостам, ин мушкилиро бо мусоидати додгоҳ бартараф намоям. Аммо роҳбарони бахши тоҷикӣ хонум Соҷида ва Аббоси Ҷаводдӣ розӣ нашуданд, ки вазорат ба додгоҳ кашида шавад. Гуфтанд, масъаларо бидуни додгоҳ ҳал мекунанд. Аммо ин корро накарданд ва баръакс бе ягон асосу бе ягон сабаб худашон фармон содир карда, маро аз кор берун карданд. Пеш аз онки ба догоҳ муроҷиат намоям на танҳо бо вакилони худам, бо баъзе аз ҳуқуқшиносҳо ҳатто ба чанд нафар судя ҳам маслиҳат карда, сипас мутмаин шудам, ки дар сурати даъво дар додгоҳ баранда мешавам. Аммо чун ҳам вазорат ва ҳам масъулони бахши тоҷикӣ якҷо шуданд, додгоҳ ҷониби онҳоро гирифт. Бо вуҷуди онки додгоҳ қазияро ба манфиати ман ҳал накард, аммо ҳамагон шоҳид шуданд, ки ман ҳақ будам. Ин барои ман муҳим буд. Пофишории ман натиҷаи мусбат ба бор овард ва мардум фаҳмиданд, ки дар нисбати як хабарнигори оддӣ бархӯрд мунсифона сурат нагирифт ва пай бурданд, ки баъзеҳо барои онки ба ҳадафи худ бирасанд, аз чи роҳҳое кор мегиранд.

Озодагон: Дар ҳамин авохир як матлаб дар оҷонсии давлатии “Ховар” нашр шуд дар бораи ҷудоии дин аз сиёсат. Дар он ҷо аз Шумо ҳам ном бурда шудааст, ки аз Ҳизби наҳзат, ҳизби динии сиёсӣ, ҳимоят кардаед. Фикр намекунед, оё таваҷҷӯҳатон ба ҲНИТ ва гурӯҳҳои демократӣ боис шудааст, ки ҳамчунин вазъ пеш ояд?

Қаюмзод: Ин матлаби гуфтаи Шумо ба қалами Муродулло Давлатов, раиси маркази исломшиносии Тоҷикистон, тааллуқ дорад, ки на танҳо дар “Ховар”, дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва “Садои мардум” ҳам чоп шудааст. Дар бораи муҳтавои он ва талошҳои муаллиф, ки мехоҳад собит намояд дин бояд аз сиёсат ҷудо бошад, чизе намегӯям. Зеро вақте бо нафаре, ки мутахассис мешуморад худрову дидаву дониста воқеиятро “намебинад”, баҳс кардан як кори беҳуда аст. Аммо инро мехоҳанд ё не, ва ё инки дар Тоҷикистон ҳизби исломӣ фаъолият дошта бошад ё хайр, исломро аз сиёсат ҷудо донистан ва ё ҷудо кардан ҳарфи беҳуда аст. Дини ислом аз оғоз то ба имрӯз бо сиёсат ҳамроҳ будааст. Вақте ислом дар рӯзгори як мусалмон ворид шудааст, афзун бар ин моҳият ва мазмуни зиндагӣ ва қонуну қоидаи ҳаёташ шудааст, яъне рӯзгори ӯро идора ва назорат мекунад, чӣ тавр метавон онро аз сиёсат ҷудо ҳисоб кард. Ин идда аз ислом на ба хотири ислом, балки ба хотири онки нерӯ ва шахсиятҳои исломӣ сари кор оянд, дар ҳаросанд. Ва фикрашон ҳам ин аст, ки бо афзоиши таваҷҷӯҳи мардум ба ислом ҳамин нерӯ ва ҳамин шахсиятҳо эътибори бештар пайдо мекунанд. Дуруст фармудед, ки ин ҳама моҷароеро , ки болои ман гардон карданд моя ва маншааш ҳамин дидгоҳҳои мутафовит аз дидгоҳҳои онҳост.

Озодагон: Имсол соли интихоботи президентист, пешбиниҳоятон чигуна аст?

Қаюмзод: Интихоботи президентии поиз (тирамоҳ)-и соли ҷорӣ аз ҳамин ҳоло маълум аст, ки пуршӯр хоҳад буд. Аҳзоби мухолиф ин навбат дар он ширкат хоҳанд кард. Ва ширкати онҳо мушкилии ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) барои сохтани “номзадҳо”-и маснӯиро аз байн мебарад ва зарурат барои рақибони алтернативии дастисохт боқӣ намемонад. Аммо ин ки аҳзоби мухолиф ҳар кадоме ба танҳоӣ хоҳанд рафт, номзади воҳид хоҳанд дошт, масъалаи асосии ин интихобот хоҳад буд. Агарчанде қонуни интихоботи президентӣ иваз нашуд ва агарчанде аҳзоби мухолиф дар назорати раванди он нақше дошта наметавонанд, аммо таҳаввулот дар кишварҳое, ки роҳбарони “дарозумр” доштанд, ҳизби ҳокимро нигарон кардааст. Афзун бар ин, ҳеҷ нукоти асосӣ ва ваъдаҳои интихоботи соли 2006 иҷро нашудааст. Хулоса, интихоботи поизи соли ҷорӣ аз интихоботҳои қаблӣ фарқи калон хоҳад дошт.

Озодагон: Ва дар охир. Агар пешниҳод диҳанд, ки бо расонаҳои ҳукуматӣ ҳамкорӣ кунед, ҷавоби Шумо чӣ хоҳад буд?

Қаюмзод: Ҷавоб манфӣ аст. Аммо чунин пешниҳод нахоҳад шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)