Дар шаҳри Қӯрғонтеппа мулоқоти вазири маорифи Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрав сурат пазируфт.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати мазкур иттилоъ доданд, зимни нишаст Абдуҷаббор Раҳмонов аз ҷумла қайд кард, ки афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва беҳтар шудани имкониятҳои молиявии давлат имконият фароҳам овард, ки маблағгузории соҳаи маориф ба андозаи назаррас зиёд карда шавад. Масалан, агар соли 2000 барои соҳаи маориф ҳамагӣ 41 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2010 ба 1092 миллион сомонӣ расидааст, ки афзоиши номиналии хароҷоти соҳаи маориф дар муддати 10 сол қариб 27 маротиба афзуд. Бо назардошти ин таъкид гардид, ки дар се соли оянда музди меҳнати кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва илм ду баробар, аз ҷумла аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад. Дар ин миён Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар канор нест. Вазири маориф афзуд, масъулин ва устодони Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро зарур аст, ки дар мавриди таҳкими пояҳои моддию техникӣ, ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмию тадқиқотӣ, истифодаи технологияи компютерӣ ва рушди тафаккури техникии ҷавонон, истифодаи усулҳои муосири донишандӯзӣ, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, тарбияи олимони ҷавон, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ, истифодаи илм дар истеҳсолот, робитаи оила ба донишгоҳ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии падару модарон чораҳои амалӣ андешанд.
Мӯҳр