Бахшҳо

Ба ҳаминаш ҳам шукр?! (АКС)

Нилуфар КАРИМ

Бисёр мехостам матлабро бо суханҳои самимиву пур аз муҳаббат ва лабрез аз ишқи ватан оғоз кунам, аммо чӣ кунам, ки «аз мост, ки бар мост». Фикр накунед, ки Тоҷикистонро дӯст намедорам, патриот нестам ва андешаи рушди онро надошта бошам. Не, ман ба ҳеч ваҷҳ ҷонибдори он нестам, ки сарзамини бобоиам барои бегонагон мояи танқиду хандахариш бошад…

Чанд рӯз қабл аз Остона тариқи хатсайри Алма-Ато ба Душанбе баргаштам. Он ҷо дар як барномаи омӯзишиву тамринӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист ширкат доштам. Таасуроти сафару боздидам аз Қазоқистон ҳоло ҳам маро ба ким-кадом сайёраи дигар мебарад. Ба Душанбе баргаштаму асабҳоямро, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» тӯли парвозу расмиёти он хароб карда буд, «дарвозабонон»-и Тоҷикистон онро куштаву гӯр карданд.
Бале, ҳамин тавр!

Ҳафтаи гузашта ҳавои Душанбе на он қадар мусоид буд, аз ин рӯ дар ҷадвали парвози ҳавопаймоҳо зуд-зуд тағйиру ислоҳ ворид мегашт. Рӯзе, ки мо аз Алма-Ато ба ватан бармегаштем, айнан ҳамин ҳолат рух дод. 29-уми июн низ аз ҷумлаи хамон рӯзҳо буд. Ҳаво пурабру сербориш будааст, ҳамин сабаб шуду ҳавопаймои мо, ки ба ширкати ватании «Сомон Эйр» тааллуқ дошт, аз Остона дер парвоз кард. Ин як ҳолати оддист, вакте ҳаво барои парвоз мусоид набошад. Аммо мо дар ин бора танҳо пас аз ҷангу ҷанҷол бо намояндаи ин ширкат бохабар шудем. Тасаввур кунед: ҳудуди 160 мусофир (Боинг 737-800 ҷои холӣ надошт), аз ҷумла кӯдакон тӯли бештар аз 2 соат дар фурудгоҳ намедонистанд чиро мунтазир бошанд? Чиптаи ин ҳавопаймо 735 сомонӣ арзиш дошт. Парвоз бояд соати 15:20 бо вақти Алма-Ато сурат мегирифт, аммо аз сабаби бад будани ҳаво дар Душанбе, ду бор ба муддати яксоатӣ ба қафо партофта шуд ва оқибат пас аз соати 17-и маҳаллӣ парвоз кард. Гузашта аз ин, эълон тариқи баландгӯяк ҳамагӣ 2-3 бор садо дод, ки «парвоз бо хатсайри Алма-Ато-Душанбе ба таъхир андохта шуд». Касе на сабабашро мегуфт ва ҳеч масъуле ҳам ҳозир набуд шарҳи онро бигӯяд.

Бовар мекунед, намояндаи ширкати «Сомон Эйр»-ро пайдо кардан бароямон чӣ қадар сангин буд? Пас аз кофтукобу ҷустуҷӯи зиёд ӯро паси дарҳои бастаи толори интизорӣ дидем. Аммо ходимони амниятии фурудгоҳ ба мо иҷозаи вуруд ба назди ӯро надоданд, чун худашон чунин иҷозаро аз намояндаи «мӯҳтарам» надоштаанд. Масъули «Сомон Эйр» ҳам хоҳиши сӯҳбат карданро бо мо умуман надошт. Як илоҷе карда саволро барояш ироа кардем, ки бо чӣ далел парвоз ба таъхир афтодааст? Бо лаҳне хашин ва пуристеҳзо лаб каҷ кард, ки «дар Душанбе нелетная погода!»

Ба ҳаминаш ҳам шукр?! (АКС)Мусофирон аз қабл барои аз қайд гузаштан ба фурудгоҳ омада буданд. Шахсан ман якуним соат пеш аз вақти ваъдагии парвоз дар толори интизорӣ будам. Ба ин вақти интизории муддати таъхирро зам кунед. Кӯдакон ва шахсони солрафта бошанд, дар ин муддат ба ҷон расиданд: на ҷои дурусти интизорӣ, на ғизову на об… Дар чунин ҳолатҳои истисноӣ ширкатҳои мусофиркаш муваззафанд (!), ки муштариёнро бо шароити муваққатии интизорӣ таъмин намояд. Аммо мардум на намояндаи ширкатро диданду на сабаби таъхирро ба таври дақиқу дуруст фаҳмиданд. Дар омади гап, дар шабакаи интернет медидем, ки дар Душанбе ҳаво на он қадар боронист.

Бо «Сомон Эйр»-и бе сомон

Хизматрасонӣ дар ҳавопаймо ба сатҳи поёнтар аз қолини рӯи фарш буд. Пас аз ин ҳама интизорӣ, танҳо ду хӯриши иборат аз як бурда ҳасибу панир ва чоряк бодиринг, ним бурда ширинӣ пешниҳодамон карданд. Намоиши чораҳои бехатарӣ нишон дод, ки таҷҳизоти бехатарӣ дар ҳолати нохуб қарор доранд: шахси мутасаддӣ чанд дақиқа таҷҳизоти ба ҳам гиреҳхӯрдаро рӯи курсӣ аз ҳам ҷудо карда натавонисту ниҳоят асабонӣ мешуд…

Ин ҳама ҳанӯз «зирбак» будаасту мо бехабар. «Ош» бошад, дар Душанбе моро интизор. Бо ворид шудан ба бинои фурудгоҳи байналмилалӣ, лаззати бозгашт ба Ватан бароямон талх шуд. Ҳарчанд тӯли се соли ахир, ки зуд-зуд ба хориҷа сафар мекардаму чунин ҳолатҳоро шоҳид будам, бовар доштам, ки рӯзе не рӯзе он бартараф мешавад. Аммо чӣ мегӯед, ки ин дафъа аз маротибаҳои гузашта бадтар буд ва косаи сабрам лабрез шуд.

«Мазҳака» дар ФБД

Намедонам, аз куҷояш оғоз кунам… Дар толор, ҷои погузорӣ набуд: пеш аз мо мусофирони кадом хатсайри дигар ҳанӯз аз назорати шиноснома ва сарҳад нагузашта буданд ва дар муддати интизории мо, боз ду ҳавопаймои дигар фуруд омад. Дар ҳамин ҳол, аз 7 утоқчаи назорати шиноснома, танҳо сетоаш кор мекарданд. Агар он чӣ онҳо машғул буданд, «кор кардан» номидан мумкин бошад…

Ба ҳаминаш ҳам шукр?! (АКС)Аз шаҳрвандони хориҷӣ пур кардани кадом як «декларатсия»-ро талаб мекарданд. Аммо кормандони фурудгоҳ барои ин «пур кардан»-ҳо, чанд бор онҳоро ба ҷои махсус мефиристоданд. Дар он ҷо бошад, ягон нафаре набуд, ки ба мусофирон пеш аз утоқҳо рафтан фаҳмонад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ин нусхаро пур карданатон лозим аст. Ин қабил мусофирон маҷбур мешуданд, ки чанд бор дар навбат истанд.

Порагирӣ ба таври рӯшод, яъне оммавӣ сурат мегирифт. Барои бидуни навбат гузарондан, барои дар шиноснома мӯҳр гузоштан, барои ташхиси фитосанитарӣ… умуман, барои ҳама чиз ришва талаб мешуд. Як шаҳрванди Қазоқистон, ки миллаташ афғон буд, танҳо дар шоҳидии ман ҳудуди ним соат мавриди пурсуҷӯ қарор гирифт. Вақте бори дигар корманди бақайдгирӣ шиносномаи ӯро дида ба нафари дигараш «э ин афғон будаст бурда пурсуҷӯ кун» гуфта аз назди ҳуҷрача ронд, аз ӯ пурсидам, ки сабаби тӯл кашидани тафтишу санҷиш чист, рӯирост гуфт, «пул мехоҳанд». Ростӣ, аз «меҳмондории тоҷикӣ» шармам омад.

Дар яке аз ҳуҷрачаҳо назди корманд чанд шиноснома рӯйиҳам меистод ва ӯ танҳо ба мӯҳрзании онҳо машғул буд. Соҳибони онҳо ба таври дастҷамъӣ бидуни навбат аллакай аз сарҳад гузашта, мунтазири бағоҷ буданд. Гуфтан мумкин, аз се ҳуҷраи кушода, ин яке ба таври лозимӣ кор намекарду танҳо дутоаш ба мусофирин хизмат мерасонд.

Ба таваҷҷӯҳи Фаттоҳ Саидов

Ба назарам чунин намуд, ки фасодзадатарин ниҳоди кишвар, бар хилофи маълумоти Оҷонсии зирабт, маҳз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мебошад. Пас аз интизории дусоата, аз назорати шиноснома гузаштам. Акнун навбати гирифтани бағоҷ буд. Касоне, ки ин «мактаб»-ро гузаштаанд, медонанд, ки ин интизорӣ чӣ қадар вақтро мегирад. Баъзе мусофирони парвозҳои қаблӣ ҳанӯз ҳам мунтазири бори худ буданд. Шукр, ки ин навбат зиёд мунтазир нашудам, чун муддати интизории дусоата, ҳавопаймои моро аллакай холӣ карда буданд.

Ба ҳаминаш ҳам шукр?! (АКС)Гузаштан аз назорати гумрукӣ боз як саҳнаи пурмоҷарои дигар буд, аммо маро «ба хотири интизории зиёд» бидуни тафтиши гумрукӣ гузаронданд.
Гирифтани аробачаҳо бошад, қариб ғайриимкон буд: аз як тараф, мушкили кам будани онҳо, аз тарафи дигар, нафарони «масъул», ки ба касе иҷоза намедоданд онҳоро гиранд ва гӯиё танҳо худашон ҳақ доштанд бо онҳо ба мусофирон пулакӣ хизмат расонанд. Албатта, либос ва рафторашон аз аробакашони бозор фарқе надошт. Ҳамин тавр, пас аз 2 соату чанд дақиқаи «интизориву сарсонӣ» аз фурудгоҳ берун шудам. Ба ҳаминаш ҳам шукр?!

PS: Фурудгоҳу терминал ва саристгоҳҳои роҳи оҳанро дарвозаи кишварҳо медонанд. Вақте дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки он яке аз «дарвоза»-ҳои Тоҷикистон маҳсуб мегардад, тарзи муносибат ва бархӯрд бо меҳмонони хориҷӣ ва шаҳрвандон чунин аст, пас, вой бар мову ба меҳмоннавозии тоҷикӣ! Дар бораи тартибу қоидаи қабули мусофирон умуман ҳоҷати навиштан нест. Танҳо суол ин аст, ки масъулини мубориза алайҳи фасод куҷоро менигаранду интизори кадом супоришанд? Мо чӣ гуна сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб кунем, вақте ҳанӯз дар даромадгоҳи он чунин муносибат дорем?
Мӯҳр
Хайрандеш
Хонум Нилуфар хеле содда будаед. О зури ин очонс танхо ба муаллиму муаллим ва муаллим мерасад.

Хакикат
Дуруст кайд кардед ВОЙ БАР ХОЛИ МУАЛИМУ ДУХТУР и ОЯНДАИ ТОЧИКИСТОН

Мухочир,Курган-тюбе
Нилуфар, хохари азиз! мо низ танхо ба хотири дастгири аз ширкатхои ватани аз фурудгохи Кургонтеппа ба Маскав парвоз кардем. Дар нимарох (дар бораи хизматрасонихову шароиташ намегуям, чун худатон гуфтед) ба мо гуфтанд, ки тайёра ба шахри Чимкент барои захираи сузишвори фуруд меояд ва баъди 1 соат парвозро идома медихем. Ман ки ба хатсайри бидуни бознишаст (без пересадки) чипта гирифа будам, аз хайати хидмати пурсон кардам, ки чаро моро огох накардед ва дар аввали парвоз гуфтед, ки тайёра дар муддати 4,5 соат ба Маскав мерасад (Иншоаллох). Аммо онхо гуфтанд, ки инро бояд дар чое ки чипта харидем, мегуфтаанд.
Хайронам, ба худ гуфтам, миёни мо агар нафаре бошад, ки аз тарики Маскав ба дигар шахр ба зуди парвоз дошта бошаду махсус ба хамин рейс чипта харида бошад, капааш сухт, чун 1 соати таъхир дар харакати тайёра хеле мушкилашро меафзуд. Вакте об медоданд, як чавони навхат, ба фикрам бори аввал ба хорич мерафту бори аввал дар тайёра менишаст, асаби буду дубора об пурсид ва ба у об надоданд, ман боз эътироз кардам, ва маро хатто тарс доданд, ки дар Маскав бо намояндаи Сомон эйр сарбасар хохи шуд. Гуфтам, ба чашм, ин чи хизмат аст, ки тьайёра бо пули мо -мусофирон мепараду ин стюардхо аз пули мо маош мегиранд, ин кадар дагаланд. Духтари пешхизмат (бале пешхизмати ва ё хизматгузори ин вазифаи онхо аст) он кадар дар даруни тайёра ба сари мусофирон мегурид, ки гур-гураш аз садои мухаррики тайёра хам баланд буд.
Дар Маскав баъди мо 8-10 тайёра нишасту багочашонро оварданд, аммо багочи моро баъди 4(!) соати интизори оварданд. Ачиб буд, ки ба мурочиати мо кормандони фурудгохи Домодедово мегуфтанд, ки бьагоч хануз тафтиш нашудааст. Чун ин чавоб чанд бор садо дод, рафтаму гуфтам, шумо чи хак доред, ки багочи моро тафтиш мекунед, ба кормандони фурудгох ки чунин хакро додааст, ки то ба нуктаи гумруки омадани багоч онро тафтиш кунанд? ё ман чизеро намефахмам. Ин аст хизматрасонии ширкатхои ватании мо. Кош масъулини Очонсии зидди фасод як бор бидуни эълон кормандонашонро махфи ба ин тайёра шинонаду бубинанд, ки чи хол аст ин чо.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)