Бахшҳо
03 июл 2013 08:17Тоҷикистон / Сиёсат

Тӯраҷонзода: "Мардум бояд тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад"

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии пешини мусулмонон ва собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, аз расонаҳои мустақил даъват кард, то дар арафаи интихобот мардумро ноумед насозанд. Оқои Тӯраҷонзода ин ҳарфҳоро дар нишасти дувуми Мушовараи васеъ дар мавзӯи ҳамкориҳои қишри гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Душанбе баён дошт.

Ӯ гуфт, “бархе аз рӯзноманигорони ВАО-и мустақил, ки ормонҳои озодихоҳӣ доранду ормони дидани як ҷомеаи мардумсолорӣ дар кишварро доранд, ба ҷойи он ки мардумро умедвор кунанд, баръакс ноумед менамоянд. Онҳо мегӯянд, аҳзоби сиёсӣ барнома надоранд, то имрӯз коре анҷом надодаанд, байни мардум худро муаррифӣ накарданд, аз ин рӯ, онҳо ҳеч шансе надоранду фалонӣ дорад. Бояд гуфт, ин роҳи бедор кардан ва фаҳмонидани ҷомеа намебошад.”

Ба андешаи оқои Тӯраҷонзода, имрӯз замоне фаро расидааст, ки бояд мардумро барои гирифтани тақдири худ ба дасташ, бедор сохт: “Майдони сиёсат ҳамин мебошад, ки мо бояд ҷомеа ва мардумро бедор кунем, то тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад.”

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода дар ин нишаст изҳор кард, ки нияти иштирок дар интихоботи президентии моҳи ноябрро надорад ва аммо аз номзади ягонаи нерӯҳои демократӣ пуштибонӣ хоҳад кард. То ҳоло танҳо Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, эълом карда, ки дар сурати ҳимоят ёфтанаш аз тарафи нерӯҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин интихобот ширкат хоҳад ҷуст.
Мӯҳр
озод
Чаро Хочи Акбар Турачонзода , номзад набошад?

А . Я.
Салом! Хочи Акбар шумо як маротиба такдири миллату давлатро ба даст гирифта будед ки инкадар тараккиву рушд кард монед индафъа дигархо гиранд то кишвар ба мисли Сурияву Мисру Авгонистон нагардад.

“Майдони сиёсат ҳамин мебошад, ки мо бояд ҷомеа ва мардумро бедор кунем, то тақдири кишвару ояндаи худро ба дасташ гирад.”
Домуллои мухтарам, Шумо дар зери мафхуми бедори чиро мефахмед? Зеро мафхуми бедори категорияи сиесии илми нест Сониян, Шумо як бор мардумро "аз хоби гарон хез!" гуфта ба майдонхо кашидед. ки дар натича чанги граждани сар зад ва шумо сохиби миллионхо доллару даххо корхонахо шудед. Шумо, агар бедории миллат ва шукуфоии онро мехохед, акккалан 500 млн. долл. ба НБО-и Рогон чудо кунед, барк мешавад, мардум ба компутархо дастраси пайдо мекунанд, чои кор хам фаровон мешававд. Агар Шумо фикр кунед, ки рохбари муаззами инкилоб чун Хоманеи мешавед, ин фикри хом аст. Дар Эрон Рухониро иннтихоб карданд, дар Миср Мурсиро сарнагун какрданд, ин хама нишонаи бедори аст, вале на он тавре ки Шумо мефахмед. Шумо як умр кашшок будед, ба сиесат даст зада бой шудед. Шукр кунед, ки боз кашшок шуда, рузатон ба оши худои намонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)