“Президент-2013” ва ташкили гуруҳ барои ҷустуҷӯи номзади ягона
Барои мушаххас намудани барномаҳои номзади ягона аз тарафи аҳзоби мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар ба мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2013 як гуруҳи корӣ таъсис ёфт.
Ин гуруҳ зимни дувумин нишасти Мушовараи васеъ дар мавзӯи ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ, ки рӯзи 2-юми июн дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Душанбе баргузор гардид, таъсис дода шуд.
Ба ҳайати он Раҳматтулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳуқуқшиносон аз коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои дигари ғайридавлатӣ шомил мебошанд. Инчунин таъкид гардид, ки барои шунидани пешниҳодҳои дигари қишри ҷомеа сафҳае бо номи “Президент-2013” дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳандозӣ шавад.
Бояд гуфт, дар ин нишаст зиёда аз 20 коршиноси тоҷик, ҳуқуқдонҳо, раҳбарон ва намояндагони аҳзоби мухолифу созмонҳои ғайридавлатӣ иштирок доштанд. Санаи баргузории нишасти навбатии Мушовараи васеъ дар мавзӯи ҳамкории қишрҳои гуногуни ҷомеа дар интихоботи президентӣ муайян набуда, интизор меравад, баъд аз 10 рӯзи дигар баргузор шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |