Номзадҳои эҳтимолӣ: Раҳмон, Зоиров, Кабирӣ, Убайдуллоев, ё Тӯраҷонзода?
Дуруд хонандаи гиромӣ! Ин навбат дар бораи номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон менависам.
МАРДУМСОЛОРӢ
Имрӯз ҷомеаи мо даъвои демократия (мардумсолорӣ) мекунад. “Озодӣ”, “интихоботи шаффоф”, “озодии дин”, “баробарӣ дар назди қонун” ва ғайраҳо... Собиқ сарвазири Бритониёи Кабир Уинстон Черчилл ҳанӯз чанд даҳсола қабл дар бораи демократия, яъне мардумсолорӣ фикрашро чунин иброз карда буд: “Демократия он қадар чизи хуб нест, аммо аз он хубтар пайдо нашудааст”.
Ростӣ, худ ҷомеаи мо ҳанӯз ба тарзи зиндагии демократӣ чандон омода нест. Аммо бидуни демократия, бидуни арзишҳову принсипҳои демократӣ, мо наметавонем ниёзҳои ҷомеаро бароварда созем. Зоҳиран давлати Тоҷикистон давлати демократист. Ҳоло дар кишвар ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон фаъоланд ва ҳафт ҳизб дар баробари ҳизби ҳоким – ҲХДТ гӯиё мубориза мебаранд. Аммо аҳолии кишвар дар бораи фаъолияти ҲХДТ, ҳизби ҳоким чандон бохабар нестанд. Агар бовар надоред, аз дилхоҳ нафари кӯча бипурсед, ки раиси ҲХДТ кӣ аст? Бовар кунед, бисёриҳо дар посух гуфтан ба ин савол танқисӣ мекашанд.
ҲИЗБИ МАТБУОТӢ
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки раиси он Раҳматулло Зоиров аст. Ҷаноби Раҳматулло Зоировро ҳамчун танқидгари шадиди ҳукумат ва роҳбарияти он мешиносанд. Ӯ буд, ки гуфт президентии Эмомалӣ Раҳмон ғайриқонунист. Ӯ буд, ки гуфт заминфурӯшӣ амалест нобахшиданӣ. Ӯ буд, ки аввалин шуда гуфт омода аст номзадии худро дар интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ пешкаш кунад. Имрӯз бошад ҷаноби Зоиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ба мисли “Фейсбук” ва “Одноклассники” хеле фаъол ба назар мерасад. Ҳатто бо фейкҳо (нафарони беному сурат дар фейсбук) ҳам баҳс мекунад. Ман қудрати бо Зоиров баҳс карданро надорам, ки ба он кас бигӯям хуб ё бад кардед. Аммо ҳамчун интихобкунанда мушоҳидаҳои худро мехоҳам бигӯям. Раҳматулло Зоиров худро ҳамчун номзади ягона аз ҷониби кулли нерӯҳои мухолифин муаррифӣ карданӣ аст, пас, хуб аст, як каме ҷиддитар бошад, мисли пеш. Муборизаи сиёсӣ осону роҳи мубориза ҳамвор нест. Албатта, табиист, ки Зоировро дар ин марҳилаи ҳассос ором намегузоранд ва бо халқ наздик шудани Зоиров ҳам қобили қабул аст. Аммо Зоиров ҳамчун лидер (пешво) ҳаргиз бояд эҳсосӣ нашавад. Эҳсос нобудкунандаи сиёсат ва сисёсатпеша аст. Дар кори сиёсӣ оромӣ заифист, аммо дар сухани сиёсӣ, оромӣ тавоноист. Чин бо оромии худ дунёро ором-ором соҳиб мешавад. Ва як намунаи дигар, аммо каме содда, ки калонтарин Уқёнус ин Уқёнуси Ором аст. Ҳар сиёсатпеша бояд имиҷмейкери хуб дошта бошад, ки ҳар қадамашро ва ҳар ҳарфашро баъд аз маслиҳат бо ӯ пешкаши омма кунад.
ҲИЗБИ ФАЪОЛ
Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки раиси он ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ аст. Агар гӯям, ки Кабирӣ арзандатарин сиёсатпеша аст, ин сухан метавонад аз доираи этикаи кории ман берун барояд. Ман чунин ҳақро надорам. Аммо ин нуктаро нагуфтан наметавон, ки сухани Кабирӣ мазмун дорад, қувват дорад, оромиш дорад, дипломатия дорад. Аслан Кабирӣ тарсу нест. Ӯ агар тарсу мебуд, кайҳо аз сиёсат даст мекашид ва метавонист ба ҳукумат бипайвандад. Ва дар ин ҳукумат кор кардан ҳам метавонист. Ӯ метавонист бештар аз як вакил бошад, агар мехост. Таҳаммули ӯ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ба тарафдоронаш чандон боварӣ надорад, на ба худ. Ба худ бовар дорад, ки ҳанӯз мақомашро аз даст надодааст. Аммо ҳеч ҳизбе чун ҲНИТ барои баланд бардоштани обрӯи ҳукукмати кунунӣ хизмат накардааст. Ҳатто аз ҲХДТ бештар ҲНИТ ба ин ҳукумат хизмат кардааст гӯем ҳам, хато нахоҳад шуд.
ҲИЗБИ ҲОКИМ
Раиси ҲХДТ ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон аст. Раисҷумҳури кунунии Тоҷикистон. ҲХДТ киро ҳамчун номзади худ ба мақоми раисҷумҳур пешкаш мекунад, ҳанӯз дақиқ маълум нест. Ҳарчанд тахминҳо зиёданд. Аммо дониста бош, хонандаи азиз, ки ҳеч кас аз ҳокимият ба осонӣ даст нахоҳад кашид. Раиси шаҳри Душанбе, ҷаноби Маҳмадсаид Убайдуллоев, ҳам узви ҲХДТ аст. Чаро ӯ бояд номзадии худро намонад? Ба ин савол худи ӯ метавонад ҷавоби дақиқ диҳад. Аммо шонси ӯ бештар аст, бештар аз ҳама. Агар ӯ худро ҳамчун номзад эълон кунад, миёни ҷомеа муноқиша ба амал нахоҳад омад. Чунки ӯ ҳам аз доираи ҳамин ҳукумат ва аз cераҳолитарин вилояти Тоҷикистон, зодаи вилояти Хатлон аст. Ман як бор суханронии ӯро дидам. Вохӯрии ӯро бо фаъолони шабакаи “Фейсбук”. Воқеан нафари кордон ва наттоқи хуб ба назар мерасид. Қобилияти ташкилотчигиро ҳам доштааст. Ҳарчанд дар суханрониаш баъзан хатоиҳои услубиву мантиқӣ ҳам ба назар мерасиданд, аммо чор соат нашишта ба саволи иштирокчиён посух гуфт. Инҷо метавон иштирокчиёнро гунаҳкор донист, ки саволҳои ҷиддӣ надоданд, ба ҷуз як савол дар бораи ҳодисаҳои Хоруғ.
НОМЗАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ
Собиқ ҷонишини сарвазири чумҳурӣ, собиқ раиси Идораи қозиёти Тоҷикистон, рӯҳонӣ ва сиёсатпешаи маъруфи тоҷик Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода. Дар бораи шахсияти ӯ наменависам, чунки шахсияти Тӯраҷонзода ба муаррифии ман ҳеч ниёзе надорад. Танҳо як нуктаро таъкид мекунам. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода борҳо гуфта, ки ба сиёсат шарик шуданӣ нест, аммо аз кӣ тарафдорӣ хоҳад кард ва ё накард, дар ин бора чизе нагуфтааст. Ҳарчанд дар мусоҳибаи охири худ ба телевизиони “Би-Би-Сӣ” гуфт, ки тарафдори ҲНИТ ҳаст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дилхоҳ номзадро метавонад дастгирӣ кунад ва ин дастгирӣ ба он номзад бонус ва раъйи бештар хоҳад дод.
“ВАТАНДОР”
Дар бораи ҳаракати сиёсии “Ватандор” ва роҳбари он Додоҷон Атовуллоев зиёд наменависам, чун фишорҳо болои оилаи мо боз бештар хоҳанд шуд. Танҳо як чизро мегӯям, ки онро аллакай аксарият медонанд. Ҳеч нафаре чун Додоҷон зиндагиашро қурбони мубориза накардааст ва агар ӯ баъзан зиёдаравӣ мекунад, ба ин шояд ҳақ ҳам дошта бошад. Дар бораи баромадҳои ӯ тариқи телевизони “К+” чизе намегӯям, чунки бе ин ҳам ҳама дар бораи он мегӯянд.
Халил ҚАЮМЗОД
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |