«Парандаҳои муҳоҷир»-и Холиқназар Ҷумъаев рӯи чоп омад

«Парандаҳои муҳоҷир», нахустин китоби рӯзноманигори тоҷик Холиқназар Ҷумъаев, ки солҳо дар Русия кор ва фаъолият доштааст, аз чоп баромад.
Холиқназар Ҷумъаев дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, китоби мазкур натиҷаи тадқиқоти гуногуни ӯ дар шаҳрҳои мухталифи Русия буда, чор қиссаи гуногуни пурсӯзу гудози «Бозгашт аз он дунё», «Доми фиреб», Парандаи муҳоҷир» ва «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир» -ро дар бар мегирад.
Номбурда иброз дошт, ки «Парандаҳои муҳоҷир» аз рӯзгори вазнину пурмашаққати муҳоҷирони кории тоҷик, беҳуқуқиву сарсонӣ ва бепуштупаноҳии онҳо, аз ваҳшиёнату куштори ҳамватанони мо аз тарафи сартосону миллатчиёни рус, порахӯрии милисаҳову мансабдорони гуногуни давлатии Русия, вазъи боздошти муҳоҷирони маҳкумшуда дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва колонияҳои ислоҳотии ин кишвар, ҳикоя мекунад: "Ҳар як қисса аз рӯзгори шахсони воқеӣ гирифта шуда, ]«Бозгашт аз он дунё» аз ҳаёт ва фаъолияти муҳоҷире ҳикоят мекунад, ки зиёда аз 12 сол беному нишон гум шуда буд. Агарчӣ баъди 5 соли гум шуданаш хабари марги ӯ ба Тоҷикистон омада бошад ҳам дар куҷо дафн шудани ӯро касе намедонист. Вале бо гузашти 12 сол ӯ зинда ва бо ду пойи бурида ба ватан баргашта дарёфт, ки завҷааш баъди шунидани хабари марги ӯ шавҳар кардааст. Қиссаи «Доми фиреб» аз рӯзгори муҳоҷироне хикоят мекунад, ки ба доми нашъаҷаллобон афтода, худ низ нашъаҷаллоб мешаванд ва пушти панҷараҳо меафтанд, ё ба нашъаҷаллабон қарздор шуда аз хонаву дари худ маҳрум мешаванд."
Дар қиссаи «Парандаи муҳоҷир» аз рӯзгори онҳое ҳикоят карда мешавад, ки бегуноҳ ба боздоштхонаҳо интиқол дода шуда, аз Русия бадарға карда мешаванд. Қиссаи «Рузи сиёҳи муҳоҷир” бошад аз рӯзгори муҳоҷире нақл мекунад, ки ба доми духтари ҳероинфурӯш афтода оқибат ба маҳбас меафтад ва зери шиканҷаи сахти кормандони маҳбас афтода, маъюбу маслуқ ба ватан бармегардад.
Китоби «Парандаҳои муҳоҷир» барои доираи васеъи хонандагон пешбинӣ шуда, нашриёти Адиб онро бо теъдоди 1000 нусха чоп намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |