Оҷонсӣ дар марги Ҷаннат Усмонова худро масъул намедонад
Намояндагии Оҷонси зиддифасоди Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, дар марги Ҷаннатой Усмонова, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, худро масъул намедонад.
Хонум Усмонова дар пайи ду бозпурсии маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ аз манзили худ берун рафта, дигар барнамегардад. Ҷасади ӯро рӯзи 29-уми июн дар ҳудуди ноҳияи Спитамен, аз назди соҳили Сирдарё, воқеъ дар ҷамоати Сарбанд, пайдо мекунанд.
Дилшод Зарифов, сардори шӯъбаи мубориза бо фасод, ба “Озодагон” гуфт, нисбат ба Ҷаннатой Усмонова бар асоси моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парванда оғоз гардида ва ӯ барои гирифтани 250 доллар “пора” муттаҳам дониста мешуд.
“Бояд қайд намуд, ки худи ҳамон рӯз пас аз дастгир шудан, баъд аз нишон додани нишонаҳои худиқрорӣ ва гузаронидани тафтишоти зарурии муфаттиш, чораҳои пешакӣ дар намуди забонхат дар мавриди аз ҷои зист баромада нарафтанаш, гирифта шуда буд”,-мегӯяд Зарифов.
Дар идомаи сӯҳбат Дилшод Зарифов гуфт, дар мавриди фавти хонум Усмонова аз Раёсати умури дохилӣ иттилоъ ёфтаанд ва фикр намекунанд, ки бозпурсӣ сабаби худкушии ӯ шуда бошад.
Ин дар ҳолест, ки наздикони Ҷаннатой Усмонова мегӯянд, ҳангоми азназаргузаронии ҷасад ягон аломати марги маҷбуриро мушоҳида накардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |