Давлатов: “Муттаҳамон ба фасодро Оҷонсии зиддифасод ба кор мегирад”
Як масъули бахши амнияти дохилии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз он шиква кард, ки Оҷонсии зиддифасод баъзан онҳоеро низ ба кор мегирад, ки қаблан ба иттиҳоми фасодзадагӣ аз мақомашон барканор шудаанд.
Раҳмон Давлатов, масъули бахши амнияти дохилии ВУД, ки рӯзи дувуми июл дар нишасте дар Душанбе суҳбат мекард, гуфт, “рафтори кормандони Оҷонси зиддифасод аз доираи қонунгузорӣ берун буда, ҳама тартиботи муқарраршударо вайрон мекунад.”
“Ман садҳо далел дорам, ки чи гуна кормандони ин ниҳод бо сӯистифода аз вазифа ва шаҳодатномаи хизматӣ аз ҷавобгарӣ сар печида, дар баробари ин дигаронро ба фасод ва шиносбозӣ маҷбур мекунанд”,-афзуд ӯ.
Оқои Давлатов гуфт, “роҳбари шуъбаи милисаи ноҳияи Рӯдакӣ – 2, Баҳром Шокиров, ба қонуншиканӣ роҳ дод. Дар ин бора ба мо аз Оҷонси зиддифасод мавод омад. Ман бо сардори шуъбаи оҷонсии мазкур Сӯҳроб Саидалиев мулоқот намуда, ҳама ҷанбаҳои ҳолати пешомадаро баррасӣ кардам ва ба хулосае омадем, ки ба ҷинояткор ҷазои маъмурӣ дода, аз кор озодаш намоем. Мо ӯро аз кор озод намудем, аммо баъд аз 6 моҳ Оҷонсии мазкур ӯро дар вазифаи муовини сардори идораи зиддифасоди ҷумҳурӣ ба кор қабул кард. То ҳол Баҳром Шокиров дар ин вазифа фаъолият мекунад.”
Ҳусейн Сайфиддинов, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон ва котиби Шӯрои миллии мубориза бо коррупсия, ки дар ин нишаст иштирок дошт, аз Раҳмон Давлатов хост, то далелҳои худро дар ин замина пешниҳод кунад. Вай афзуд, “дар сурати ба даст омадани малумоти мушаххас мо ин масъаларо дар сатҳи президент баррасӣ хоҳем кард.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |