Домоди президент раҳо шудааст
Одил Туйғунбоев, домоди собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон, ки чанде қабл дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон боздошт гардида буд, раҳо шудааст.
Тавре расонаҳои қазоқӣ аз қавли мақомоти пулиси ин кишвар иттилоъ медиҳанд, Одил Туйғунбоев, домоди раисиҷумҳури пешини Қирғизистон, аз боздоштгоҳ раҳо шудааст. Туйғунбоев рӯзи 28-уми июн аз тарафи мақомоти пулиси Қазоқистон дар шаҳри Алма-Ато боздошт гардида буд.
Одил Туйғунбоев, шавҳари Беймет Акаева, духтари бузурги собиқ раисиҷумҳури Қирғизистон, Аскар Акаев мебошад, ки моҳи августи соли 2005 Додситони олии ин кишвар ҳукми ҳабси ӯро содир намуда буд. Туйғунбоев дар тақаллуб, сирқат ва фирор аз пардохти андоз муттаҳам дониста шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |